Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 11)

Теги: Таърих

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

book-5

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ» рисолаи астрономии Абдурраҳмони Сӯфӣ. Соли 965 ба забони арабӣ таълиф шуда, тафсир ва вазъи 21 бурҷи Нимкураи шимолӣ, 12 бурҷи дувоздаҳгона ва суратҳои асотирии онҳоро дар бар мегирад (тасвираш дар мақ. Осмон). Дар «Сувар-ул-кавокиб» координатҳои 1022 ситора дарҷ гардидааст. Феҳристи Абдурраҳмони Сӯфӣ баъди феҳристи Гиппарх (асри 2 то мелод) …

Муфассал »

СТРУКТУРАЛИЗМ

СТРУКТУРАЛИЗМ, як равияи тадқиқотист дар илмҳои гуманитарӣ, ки дар омӯзиши масъалаҳои забоншиносӣ, этнография, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра методу услубҳои структурӣ, моделсозӣ, унсурҳои семиотика ва математикониро истифода мебарад ва дар солҳои 20 асри 20 ба вуҷуд омадааст. Ба маънои танг Структурализм маҷмӯи ақидаҳои илмӣ ва фалсафиест, ки дар заминаи татбиқи методи …

Муфассал »

Спитамен

spitamen1

СПИТАМАНА, Спитамен (соли таваллуд номаълум — вафот 328 то мелод), лашкаркаши Суғд қаҳрамони муборизаи зидди истилогарони юнонию мақдунӣ. Соли 329 то мелод Спитамана лашкари пурқуввате ҷамъ оварда, барои озод кардани пойтахти давлати Суғд — шаҳри Мароканд (Самарқанд), ки дар он ҷо қӯшунҳои юнониён ҷойгир шуда буданд, мекӯшад. У юнониёнро шикаст …

Муфассал »

СПАРТОКИЁН

spartokidiyon

СПАРТОКИЁН (аз юнонӣ spartoki-dai), сулолаи ҳукмрон (438—109 то мелод) дар давлати Босфор. Асосгузори сулола Спартоки I (солҳои ҳукмрониаш 438—433) буд; номи аъзоёни Спартокиён фракӣ ва юнонист. Спартокиён дар сиёсати дохилию хориҷӣ манфиати синфи ғуломдоронро ҳимоя менамуданд. Онҳо заминдорони калон ба шумор мерафтанд. Дар замони хукмронии Спартокиён бо Афина муносибати тиҷоратӣ …

Муфассал »

СПАРТА Лакедемон

СПАРТА (Sparte), Лакедемон (Lakedaimon), дар ибтидо шаҳр — давлат (полис)-и Юнони Қадим дар водии дарёи Зрот; асрҳои 6—1 то мелод давлат дар ҷануби Пелопоннес. Тақрибан асри 12 то мелодӣ ҳангоми тохтутози дорийҳо ба Пелопонпес хароб гардид. Асрҳои 10 —9 то мелод дар натиҷаи омехташавии ҷамоаҳои дорийҳо ва ахейҳо давлати нави …

Муфассал »

СОҲИББАРИД

unknown_person-0

СОҲИББАРИД (арабӣ — фиристода, хабаррасонанда), воқеанавис ва маъмури руқаот аст, ки подшоҳро аз воқеаҳои мамлакат огоҳ кунад.

Муфассал »

«СОЯИ НАВРУЗ»

nota-2

«СОЯИ НАВРУЗ»  суруди қадимии давраи Сосониён аст. «Сояи Навруз» аз силсилаи суруду оҳангҳои маросимӣ буда, ба ҷапши Наврӯз бахшида шудааст. Баъзе маъхазҳо онро аз таснифоти Борбад медонанд.

Муфассал »

СОХТИ ҶАМОАВИИ ИБТИДОӢ

ibtidoi

СОХТИ ҶАМОАВИИ ИБТИДОӢ, аввалин формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ дар таърихи инсоният. Асосгузорони таълимот дар бораи Сохти ҷамоавии ибтидоӣ ҳамчун формацияи хоси ҷамъиятию иқтисодӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс мебошанд. В. И. Ленин онро минбаъд инкишоф дод. Бино ба ақидаи маъмули илми муосир Сохти ҷамоавии ибтидоӣ замонеро аз пайдоиши одамони аввалин то …

Муфассал »

СОСОНИЁН

sassanian_empire

СОСОНИЁН     сулолаест, ки асрҳои 3—7 дар Шарқи Наздик ва Миёна ҳукмронӣ карда, ба давлати Сосониён асос гузоштаапд. Асосгузори сулола Ардашери Бобакон буд. Ворисони Ардашар: Шопури I, Ҳурмузди, Баҳроми I, Баҳроми II, Баҳроми III, Нарсе (293—302), Ҳурмизди II, Шопури II, Ардашери II, Шопури III, Баҳроми IV, Яздигурди I, Баҳроми V Гур, …

Муфассал »

СОМОНХУДОТ

saman-xudat

СОМОНХУДОТ («ҳокими Сомон»; соли таваллуд ва вафот номаълум), саромади сулолаи Сомониён, асосгузор ва ҳокими ноҳияи Сомон. Дар манбаъҳои гуногун ноҳияҳои ҳамноми вилояти Балх, ҳудуди Самарқанд ва Тирмизро Сомон хондаанд. Сарчашмаҳои хаттӣ аз шахсияти Сомонхудот маълумоти мухталиф медиҳанд. Ибни Мирҳусайни Сарахсӣ дар асари худ «Саъдия» номи Сомонхудотро Аркак оварда, баромади этникни …

Муфассал »