Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СПАРТОКИЁН

СПАРТОКИЁН

spartokidiyon

СПАРТОКИЁН (аз юнонӣ spartoki-dai), сулолаи ҳукмрон (438—109 то мелод) дар давлати Босфор. Асосгузори сулола Спартоки I (солҳои ҳукмрониаш 438—433) буд; номи аъзоёни Спартокиён фракӣ ва юнонист. Спартокиён дар сиёсати дохилию хориҷӣ манфиати синфи ғуломдоронро ҳимоя менамуданд. Онҳо заминдорони калон ба шумор мерафтанд. Дар замони хукмронии Спартокиён бо Афина муносибати тиҷоратӣ барқарор гардида, Феодосия забт, синдҳо ва дигар қабилаҳои Наздикубан ҳамроҳ карда шуданд. Дар аҳди Евмел (310—304 то мелод) охирин бор қисми шарқии Наздиазов истило гардид. Дар аҳди Спартоки III (304— 284 то мелод) унвони ягонаи фахрии шоҳ — базилевс ҷорӣ карда шуд. Баъди Спартоки IV (тақрибан 245—240 то мелод) бародараш Левкони II (тақрибан 240—220 то мелод) сардори давлат гардид ва бори аввал дар давлати Босфор аз номи шоҳ танга сикка зада шуд. Дар асри 2 то мелод. Спартоки V, Перисади III, Перисади IV ва намояндаи охирини С. Перисади V (тақрибан 125—109 то мелод), ки дар давраи шӯриши Савмак ҳалок гардид, ҳукмронӣ намудаанд. Баъди пахши шӯриши Савмак давлати Босфор тобеи шоҳи Понт Митридати VI Евпатор гашт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …