Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 84)

Теги: Шахсони машҳур

МИР АБУЛҚОСИМ ФАНДРЕСКИ

nophoto

МИР АБУЛҚОСИМ ФАНДРЕСКИ (соли таваллуд номаълум — вафот 1672), мулаққаб ба Мир фандрескй, яке аз файласуфони маъруфи асри 17 Эрон. Дар фалсафа пайрави ақидаҳои Ибни Сино буда, муддатҳо асарҳои ӯро дар ҳавзаи илмии Исфаҳон дарс додааст. Асарҳои зиёде таълиф намудааст, ки муҳимтарини онҳо «Рисолаи ҳаракат» ва «Рисолаи саноия» мебошанд. «Рисо­лаи …

Муфассал »

МИНЦ Исаак Израилевич

minz-isaak

МИНЦ Исаак Израилевич (тав. 3.2. деҳаи Кринички, ҳозира вилояти Днепропетровск), муаррихи советӣ, академики АФ СССР (1946; аъзо-корр. 1936), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1976). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1917. Солҳои Ҷанги гражданӣ (1918 —20) корманди сиёсии Армияи Сурх буд. Соли 1926 Институти профессураи сурхи Москваро хатм намуд. Мудири кафедраи …

Муфассал »

МИНЦ Александр Львович

minz-aleksandr

МИНЦ Александр Львович (8. 1. Ростови Дон — 29.12.1974, Мос­ква, физик ва радиотехники советӣ, акад. АФ COOP (1958; аъзо-корр. 1946), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1956). Университети Дон (1918) ва Институти инженерҳои алоқаи Москваро (1932) хатм кард. Профессор аз соли 1934. Ба лоиҳакашӣ ва сохтмони як қатор радиостанцияҳои пуриқтидор роҳбарӣ на­муд (ба …

Муфассал »

МАГАКЬЯН Иван Георгиевич

magakyan

МАГАКЬЯН Иван Георгиевич (таваллуд 6.       4. 1914, Тбилиси), геологи советӣ, академики АФ РСС Арманистон (1948). Институти кӯҳкории Ленинградро хатм кардааст (1935). Сардори партияи экспедицияи Помир ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон (1934—40), директори Институти илмҳои геологии АФ РСС Арманистон (1960—63), академик — котиби Шӯъбаи илмҳои техникӣ (аз 1943), сонитар Шӯъбаи илмҳои оид …

Муфассал »

МАВҶӢ Қосимхони Бадахшӣ

nophoto

МАВҶӢ  Қосимхони Бадахшӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1571, Агра), шоири тоҷик. Аслан аз Бадахшон буда, дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Саид Нафисӣ аз рӯи катибаи санги мазори Мавҷӣ, ки дар музеи Пруншали (Прунтали) ш. Лакхнав маҳфуз аст, дар ж. «Равобити фарҳангии Ҳинду Эрон» доир ба ҳаёти шоир маълумот …

Муфассал »

МАВҶУДА

nophoto

МАВҶУДА (тахалл.; фамилия ва номаш Ҳакимова Мавҷуда; таваллуд 5. 5. 1932, ш. Ленинобод), шоираи советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. УДТ-ро тамом кард (1958). Ходими адабӣ (1958—62), муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон» ва ж. «Машъал» (1962— 70), г. «Комсомоли Тоҷикистон» (1970—71) буд. Аз соли 1971 муҳаррири ж. …

Муфассал »

МАВЛОНОЗОДА

nophoto

МАВЛОНОЗОДА (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши сарбадорон дар Самарқанд. Аз оилаи давлатманд. Дар давраи ҳуҷуми муғулҳо аз Ҳафтрӯд ба Осиёи Миёна (1365) омада, ӯ муллобачаи яке аз мадрасаҳои Самарқанд шуд ва дар байни мардум ҳамчун шахси ҷасур ном баровард. Баъди он ки амирони Мовароуннаҳр Ҳусайн ва …

Муфассал »

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна

nophoto

МАВЛОНОВА Ҳанифа Муҳиддиновна (таваллуд 30.1.1924, ш. Ленинобод), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ—драмавӣ). Артисти Халқии СССР (1968). Аъзои КПСС аз соли 1952. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро соли 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952—59). Пас аз хатми омӯзишгоҳ …

Муфассал »

МАВЛОНОВА Робия

nophoto

МАВЛОНОВА Робия (таваллуд 1927, деҳаи Бриш, ҳозира райони Шаҳритуз), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1965), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1962). Аъзои КПСС аз соли 1966. Солҳои 1942 — 54 колхозчии колхози «Нигитурмуш» (ҳозира колхози «Съезди 20-уми партия») ва колхози ба номи В. И. Ленин, 1954—73 сардори бригадаи пахтакории колхозҳои номбурда. Бригадаи …

Муфассал »

МАВЛОНБЕКОВ Бобобек

nophoto

МАВЛОНБЕКОВ Бобобек (1895, Хуҷанд — 1959), революционер, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1920. Солҳои 1910—20 дар почта—телеграфи ш. Хуҷанд аввал коргари оддӣ ва баъд хизматчӣ шуда кор кард. Солҳои 1921—23 коркуни органҳои Комиссияи фавқулоддаи умумироссиягӣ. Иштирокчии фаъоли муборизаи зидди дастаҳои босмачиёни қурбошиҳо Амонқул …

Муфассал »