Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 81)

Теги: Шахсони машҳур

МИРЗОБОБОИ ҲИСОРӢ

nophoto-man

МИРЗОБОБОИ ҲИСОРӢ (таваллуд тақрибан 1831, Ҳисор — соли вафот номаълум), шоир ва насрнависи асри 19 тоҷик. Дар баъзе шеърҳояш «Бақо» тахаллус кардааст. Илмҳои расмии замонавиро дар Мадрасаҳои Бухоро омӯхтааст. Пас аз таҳсили илм чанде дар Ғиждувон зиндагӣ карда, аз пешаи мирзоӣ таъмини маишат мекард. Даp охири умр ба Ҳисор омада, …

Муфассал »

МИРЗОБОБОЕВА Муҳаррам

nophoto-man

МИРЗОБОБОЕВА Муҳаррам (таваллуд 1926, деҳаи Буйникингири pайони Ҳисор), пахтакор, Қаҳрамон аз Меҳнати Социалистӣ (1949). Солҳои 1942 — 45 колхозчӣ, 1946—49 сардори звено, ва соли 1950 колхозчии колхози ба номи В. И. Ленини райони Ҳисор. Звенои Мирзобобоева солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми …

Муфассал »

МИРЗОАҲМАДИ КАМОНЧА

nophoto-man

МИРЗОАҲМАДИ КАМОНЧА (соли таваллуд ва вафот номаълум), бастакор, мусиқидон, навозандаи асрҳои 15—1.6 форс-тоҷик. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхта, бо бародараш ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо муддати дароз зиндагӣ кард. Аз санъаткорони Ҳинд нозукиҳои мусиқиро омӯхт. Дар назарияи мусиқӣ низ пешдасти замони худ гардид. Аз созҳои мусиқӣ ғижжакро накӯ …

Муфассал »

МИРЗОАТО

nophoto-man

МИРЗОАТО (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар Бухоро касби камол кардааст. Аз Мирзоато танҳо як нусха девони ғазалиёт боқист, ки солҳои 1846—47 китобат шуда, 547 ғазалро дар бар мегирад. Шоир бо тахаллусҳои «Мирзоато» ва Ато шеър гуфтааст. Ғазалиёти ӯ соддаву пурмаънӣ буда, бештар дар пайравии Ҳофиз …

Муфассал »

МИРЗОАРАБӢ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ

nophoto-man

МИРЗОАРАБӢ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), бастакор ва мусиқишиноси тоҷик. Яке аз бузургтарин мусиқидонҳои охири асри 16 Самарқанд. Дар қобузнавозӣ истеъдоди тамом доштааст. Дарвешалии Чангӣ дар рисолаи мусиқиаш «Тӯҳфат-ус-сурур» Мирзорабӣ Қобузии Самарқандиро дар мусиқӣ яке аз нобиғаҳои давр медонад. Мирзорабӣ Қобузии Самарқандӣ ба навохтани қобуз ва тадқиқу таҳлили …

Муфассал »

МИРЗОАЛИИ ЧАНГИИ САМАРҚАНДӢ

nophoto-man

МИРЗОАЛИИ ЧАНГИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, мусиқишинос ва ҳофизи асрҳои 16—17 точик. Дар Миёнқолоти Самарқанд дар оилаи донишманд таваллуд ёфта, дар ҷавонӣ ба Самарқанд омад. Аз падараш илмҳои фалсафа, ахлоқ, шеъру мусиқӣ, ах Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ таркиботи мусиқиро мукаммал омӯхт. Мирзоалии Чангии Самарқандӣ дар навохтани созҳои …

Муфассал »

МИРЗОАЛИИ ТАБРЕЗӢ

nophoto-man

МИРЗОАЛИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Табрез. Санъати наққошиву хаттотиро аз падар омӯхт. Мирзоалии Табрезӣ дар манзаранигорӣ офаридаҳои зиёде дорад. Ороиши «Лавоеҳ»-и Ҷомӣ, як нусхаи «Хамса»-и Низомӣ ба қалами ӯ мансубанд. Махсусан минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ аз ҷиҳати гуногунии мавзӯъ, рангораигии тасвир, услуби нигориши воқеот …

Муфассал »

МИРЗОАЛИЕВА Каромат

nophoto-women

МИРЗОАЛИЕВА Каромат (7.9.1926, ш. Конибодом, вилояти Ленинобод, РСС Tоҷикистон) ходими давлатӣ ва партиявию советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1942 омӯзишгоҳи педагогии райони Ғармро хатм намуда, дар матбуоти даврагӣ кор кардааст. Солҳои 1947—49 шунавандаи Мактаби партиявии Тоҷикистон, 1949 ҷонишини мудири шӯъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии …

Муфассал »

МИРЗОАБДУЛКАРИМИ ТАНБӮРӢ

nophoto-man

МИРЗОАБДУЛКАРИМИ ТАНБӮРӢ            (соли таваллуд ва вафоти номаълум), Ҳофиз, навозанда ва бастакори охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Дар навохтани танбӯр сабки хос дошта, ба дараҷаи Мирзоғиёс ва Отаҷалол расидааст. Дар сохтани созҳои мусиқӣ алалхусус (танбӯр) низ дар Бухоро ва берун аз он шӯҳрати зиёде дошт. Дар бобати бо …

Муфассал »

МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ

nophoto-man

МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 1743), файласуфи давраи сафавия, писари файласуфи маъруфи асри 17 Эрон Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ӯ «Шамс-ул-яқин» ном асар дорад. «Завоҳир-ул-ҳикам» қисме аз «Шамс-ул-яқин» аст. Дар «Завоҳир-ул-ҳикам» масъалаҳои таърифу тақсими вуҷуди моҳият ва вуҷуд, ваҳдат ва касрат, ҳодис ва қадим, моҳияти ҷисм, моддаву …

Муфассал »