СОЛИМ Асламхон (соли таваллуд номаълум—вафот 1707, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз аҳли Кашмир. Муддате дар хидмати Муҳаммад Аъзамшоҳи писари Аврангзеби Оламгир буд. Зиндагиаш фақирона мегузашт. Солим соҳиби табъи латифу истеъдоди баланди шоирӣ буда, бо шуарои намоёни Ҳиндустон — Носиралии Сарҳиндӣ; Бедил, Моҳир, Неъматхони Олӣ дар масъалаҳои шеъру адаб мусоҳибаҳо кардааст. …
Муфассал »СОЛИКИ ҚАЗВИНӢ
СОЛИКИ ҚАЗВИНӢ ал-Муҳаммади Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Солики Қазвинӣ аз мардуми Қазвин буда, дар ҷавонӣ муддате дар Исфаҳон зистазст. Солики Қазвинӣ аз Исфаҳон ба Ҳиндустон сафар карда, бо Абӯтолиби Калим ва Муҳаммадҷони Қудсӣ, ки аз шоирони номдорн он давр буданд, мусоҳиб гардидааст. Сипас ба …
Муфассал »СОЛИК Хоҷа Убайдуллоҳ
СОЛИК Хоҷа Убайдуллоҳ (1713, Уротеппа — 1800, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи давлатманд. Солик дар Уротеппа ва Хоразм таҳсил карда, ҳанӯз аз ҷавонӣ ҳамчун шахси фозил ва шоири ғазалсаро ном баровард. Ба маҳфили адабии Уротеппа роҳбарӣ мекард. Бо сарварни ӯ дар ин маҳфил, ки бдъдтар ба доираи адабӣ табдил …
Муфассал »СОЛИЕВ Ҳошимбой
СОЛИЕВ Ҳошимбой (таваллуд 1892, деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солҳои 1932—34 колхозчӣ 1934—65 сардори звенои пахтакории колхози ба номи С. Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд ва аз соли 1965 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Солиев солҳои 1946—48 ҳосили_ фаровони пахта рӯёндааст. Бо ордени Ленин, медалҳо ва …
Муфассал »СОЛИЕВ Сафар
СОЛИЕВ Сафар (таваллуд 10. 3. 1925, деҳаи Қушбулоқи ҳозира ноҳияи Куйбишев, вилояти Қӯрғонтеппа), пахтакор, ҚаҳрамониМеҳнатиСосиалистӣ (1965), Устодипахтаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1973). Аъзои КПСС аз соли 1961. Солиев 1968 Совхозтехникуми ба номи Куйбишеви Қӯрғонтеппаро хатм кард. Солҳои 1941—48 колхозчии колхози «Уйяли»-и ноҳияи Куйбишев, 1948—57 коргар, мудири анбор, 1957—59 сардори бригадаи …
Муфассал »СОЛИЕВ Нуралӣ
СОЛИЕВ Нуралӣ (таваллуд 1909, деҳаи Намадмолони Файзобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1947). Аъаои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1931—39 колхозчӣ, ҳисобчӣ, 1939—50 раиси колхози ба номи Дзержинскийн ноҳияи Ҳисор, 1951 раиси колхози «Ленинизм», 1952 раиси Кохози «Москва»-и ноҳияи Кировобод (ҳозира ноҳияи Панҷ), 1954—59 …
Муфассал »СОЛИЕВ Мақсуд
СОЛИЕВ Мақсуд (1887, деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд — 1968, ҳамоя ҷо), наққоши тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи санъати м (1957). Санъати наққоширо аз падараш Ҳоҷӣ Мирсолеҳ омӯхтазст. Солҳои 1952—57 ҳамроҳи устоҳои халқӣ Очил Фаёзов, Раҳимшайх Раҷабов ва дигарон нақшунигори Қасри маданияти колхози «Москва»-и деҳаи Арбоби ноҳияи Хуҷандро анҷом дода, ба ороиши биноҳои …
Муфассал »СОЛИЕВ Зоҳирҷон
СОЛИЕВ Зоҳирҷон (таваллуд 1905, деҳаи Кулангири ҳозира ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солиев солҳои 1948— 66 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи С. Ӯрунхӯҷаев (собиқ колхози «Москва»)-и ноҳияи Хуҷанд ва аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи ӯ солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо …
Муфассал »СОЛЕҲОВ Фозил
СОЛЕҲОВ Фозил (10. 5. 1914, деҳаи Чинози вилояти Тошкенти Республикаи Совети Сотсиалистии Узбекистон —27. 1. 1976, Душанбе), бастакор ва дирижёри советии тоҷик. Артисти Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1940. Аввал дар Техникуми мусиқии Тошкент (1926—30) ва сипас Техникуми мусиқии Ленинобод (1930—31) таҳсил намудааст. Солеҳов 1940 …
Муфассал »СОЛЕҲОВ Аъзам
СОЛЕҲОВ Аъзам (таваллуд 19.12.1941, шаҳри Душанбе), бастакори советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1967. Писари бастакор Солеҳов Фозил. Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм намуда (1963), солҳои 1966—71 дар Консерваторияи давлатии Тошкент дар синфи профессор Б. И. Зейдман аз рӯи ихтисоси композиция ва полифония дарс омӯхтазст. Аз соли 1971 муаллими Омӯзишгоҳи …
Муфассал »