Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛЕҲОВ Фозил

СОЛЕҲОВ Фозил

СОЛЕҲОВ Фозил (10. 5. 1914, деҳаи Чинози вилояти Тошкенти Республикаи Совети Сотсиалистии Узбекистон —27. 1. 1976, Душанбе), бастакор ва дирижёри советии тоҷик. Артисти Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1940. Аввал дар Техникуми мусиқии Тошкент (1926—30) ва сипас Техникуми мусиқии Ленинобод (1930—31) таҳсил намудааст. Солеҳов 1940 дар студияи ИБ Тоҷикистон (таҳти роҳбарии С. Баласанян ва А.          Лонский), солҳои 1946—49 дар синфи коипознцияи шӯьбаи миллии Консерваторияи Москва ховдааст. Солеҳов яке аз муассисони оркестри асбобҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои 1931— 38 ғиҷҷакнавоз ва аз соли 1938 то охири умр дирижёри оркостри Театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (муддате дирижёри оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли рубобчизанон ва Ансамбли этнографии суруд ва рақси Помир) буд. Солеҳов яке аз он бастакорони тоҷик аст, ки аввалин шуда ба оркестри симфонӣ рӯ овардазнд. Нахустин асари барои овоз ва оркестри симфонӣ эҷодкардазш суруди халқии уйғурӣ «Дар лаби бом» аст. Дертар барои оркестри симфонӣ чунин асарҳоро навишт:     «Марш»,«Рапсодияи тоҷикӣ», «Достони симфонӣ», ду достон — рапсодия. Барои оркестри асбобҳои миллӣ сюитаҳо низ эҷод кардааст. Робитаи устувор бо мусиқии халқӣ ҷиҳати хоси эҷодиёти Солеҳов мебошад. Солеҳов барои бештар аз 30 спектакл, аз ҷумла «Шодмон»-и С. Улуғзода, «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳакимзода, «Тӯй»-и С. Ғанӣ, «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, дар ҳамқаламӣ бо М. Цветаев барои спектаклҳои «Духтари ноком»-и Ҷ. Икромӣ (аз рӯи асари С. Айнӣ), «Қурбонӣ»-и Р. Такур, «Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар ва ғайра мусиқӣ навиштааст. Солеҳов инчунин муаллифи намоиши мусиқии «Гаҳвораи тилло» (1956, ҳамроҳи М. Цветаев), кантата ба ашъори Рӯдакӣ (ҳамроҳи Я. Сабзанов), оратория барои яккахон, ҳор ва оркестри симфонӣ бахшида ба 50-солагии СССР (ҳамроҳи М. Цветаев) ва ғайра мебошад. Як силсила сурудҳо низ навиштазст («Мепарварам», шеъриА.   Шукӯҳӣ, «Меҳнат ва муҳаббат», шеъри М. Аминзода ва ғайра). Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Композиторы Таджикистана, Душанбе, 1966.

  1. Тоҷикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …