Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 154)

Теги: Шахсони машҳур

Никулин Юрий Владимирович

Никулин Юрий Владимирович (таваллуд 13. 12. 1921, шаҳри Демидови вилояти Смоленск), артисти сирки советӣ, ширинкор. Артисти халқии СССР (1973). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1950 Студиял назди сирки Москваро хатм намудааст. Дар гурӯҳи ширинкорон зери роҳбарии Карандаш кор карда­аст. Ҳамроҳи М. И. Шуйдин баромад мекунад. Никулин образи шахсии гӯлтабиату …

Муфассал »

Нисше Фридрих

0

Нисше Фридрих (15. 10. 1844, Рёккен, наздикии Лютсен, Саксо­ния— 25. 8. 1900, Веймар), файласуфи немис, намояндаи иррасиона­лизм ва волюнтаризм, шоир. Дар университетҳои Бонн ва Лейпсиг таҳсил кардааст. Солҳои 1869—79 профессори фи- лологияи классикии университети Базел. Ақидаҳои Нисше дар давраи гузариши капитализм ба зинаи охирини худ — империализм ташаккул ёфтааст. Таълимоти …

Муфассал »

Нисорӣ

Нисорӣ (тахаллус, номаш Баҳоуддпн Хоҷаҳасан ё Ҳасанхоҷа; 1516, Бухоро —1597, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи Сайид Подшодхоҷаи адиб. Нисорӣ дар оила са­вод бароварда, дар муҳити илмию адабии Бухоро ба камол расидааст. Чанд муддат дар Балх, Қазвин, Машҳад, Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Оси­ёи Миёнаю Хуросон таҳсил карда, аксар …

Муфассал »

Нисории Тунӣ

Нисории Тунӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1560, Тун), шоири форс-тоҷик. Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои …

Муфассал »

Нисор Муҳаммади Афғон

Нисор Муҳаммади Афғон (1897, деҳаи Зиддии вилояти Пешовари Покистон — 28. 10. 1937), ҳодими давлатии советӣ, яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Дар Пешовар, Балуҷистон ва Афғонистон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ иштирок дошт. Соли 1920 бо чанде инқилобчиён ба Тошкент омад ва раияи советӣ шуд. …

Муфассал »

Нирала Сурякант Трипатҳи

0

Нирала Сурякант Трипатҳи (1896 — 15. 10. 1961, Оллоҳобод), нависандаи ҳинду. Яке аз асосгузорони ҷараёни романтикии чҳаявад. Баъдтар дар эҷодиёти Нирала ба ҷои ало- матҳои романтизм унсурҳои реалистӣ пайдо шуданд. Назми Нирала содда, фаҳмою равон буда, одатҳои иҷтимоию танқидӣ дар насраш қавист. Асарҳои асосиаш: маҷмӯаҳои ашъо- ри «Беном» (1923), «Баргҳои …

Муфассал »

Нимо Юшиҷ

1

Нимо Юшиҷ Алӣ Исфандиёрӣ (1895, деҳаи Юши Мозандарон —6. 1. 1960, Теҳрон), шоири эронӣ, асосгузори ҷараёни «шеъри нав» дар Эрон. Хату саводро аз муллоҳои зодгоҳаш омӯхт. Дар 11-солагӣ ба Теҳрон рафта, дар коллеҷи франсавии Сен-Луи таҳсил кард. Забонҳои франсавӣ, арабӣ ва асосҳои сарфу наҳви забони форсиро аз худ намуд, фалсафаи …

Муфассал »

Нимейер Оскар

0

Нимейер (номи пуррааш Нимейер Суарис Филю Nimejer Soares Fil-ho) Оскар (таваллуд 15. 12. 1907, Рио- де-Жанейро), меъмори Бразилия. Аъзои Партияи Коммунистии Бра­зилия. Мактаби санъати миллии Рио-де-Жанейроро хатм намудааст (1934). Яке аз асосгузорони мак­таби меъмории муосири Бразилия. Дар лоиҳаҳои Нимейер тамоми имкониятҳои конструксияҳои оҳану бетон ва материалҳои дигар пурра ба назар …

Муфассал »

Николский Борис Петрович

0

Николский Борис Петрович (таваллудаш 14. 10. 1900, Мензелинск, ҳозираи РАСС Тот.), физику химик ва радиохимики советӣ. акад. АФ СССР (1968; аъзо-корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиали­стӣ (1970). Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Тех- никаи РСФСР (1961). Баъди хатми Университети давлеатии Ленинград (1925) дар ҳамон ҷо кор мекунад (аз соли 1939 профессор); дар …

Муфассал »

Николаи Кузанӣ

0

Николаи Кузанӣ (Nicolaus Cu-sanus), Николай Кребс (Krebs) (1401, Куза дар Мозел —11. 08. 1464, Тоди, Умбрия), файласуф, олим ва рӯҳонии немис. Фанҳои ҳуқуқшиносӣ, математика, табиатшиносӣ ва илоҳиётро омӯхтааст. Таълимоти Николаи Кузанӣ дар замони нуфузи ақидаҳои гуманистӣ, фанҳои дунявӣ ва таназзули схо­ластика асримиёнагӣ ҷараён ёфта, ба сиёсати мамлакатҳои Европа дар асри …

Муфассал »