Маълумоти охирин

Нисории Тунӣ

Нисории Тунӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1560, Тун), шоири форс-тоҷик. Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои адабӣ шоири «чарбзабон ва равшанбаён» ёд шудааст. Нисории Тунӣ шоири соҳибдевон буда, бо номи «Сарв ваТазарв» маснавие дорад. Дар эҷодиёти ӯ васфи ёр, хушиҳои ҳаёт ва шикоят аз замона мавқеи муҳим доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …