Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 151)

Теги: Шахсони машҳур

Нозили Xуҷандӣ

Нозили Xуҷандӣ Авазмуҳаммад ибни Ҳоҷимуҳаммад (1790, Хуҷанд — 1876, Хуҷанд), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Нозила, «Нозилӣ», «Тирозӣ», тахаллус кардааст. Нозили Xуҷанд дар мактабу мадрасаҳои Хуҷанд ва Хуҷанд таҳсил намуда, аз солҳои 20 асрҳои 19 ба сифати шахси фозил ва шоири намоёни давр шӯҳрат ёфт. Аз ӯ ду девони ашъор — …

Муфассал »

Нодиршоҳи Афшор

0

Нодиршоҳи Афшор  (22.10.1688, Дарагёзи Хуросон — 20. 06.1747, Хабушон, дар ҳамон ҷо), синаҳсолор ва ходими давлатӣ, шоҳи Эрон (1736—1747). Аслан аз қабилаи туркнажоди афшор. Соли 1726 ба хизмати шоҳи Эрон Таҳмоспи II (1722— 1732) дохил шуд. Аз номи шоҳ ба муқобили туркҳо ва афронҳо, ки чанд вилояти Эронро истило карда …

Муфассал »

Нодиршоҳ Муҳаммад

Нодиршоҳ Муҳаммад (09.04.1883, шаҳри Деҳрадуни Ҳиндустон — 08.11.1933, Кобул), шоҳи Афғонистон аз соли 1929. Дар давраи ҷангҳои Афғонистон ба муқобили Англия барои истиқлолият (ниг. Ҷангҳои Англияю Афғонистон), хусусан соли 1919 роли калон бозид. Солҳои 1919—1924 вазири ҳарбӣ, 1924—1926 дар Париж сафир буд. Соли 1926 ба истеъфо баромада, дар Франсия сокин …

Муфассал »

Нодирхоҷаи Азизон

Нодирхоҷаи Азизон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Санъати мусиқиро аз падараш Хоҷамқули Азизони Андхӯй омӯхтааст. Дар ибтидо навохтани ной, рубоб, танбур ва дойраро аз худ карда, зимни ин дар сурудани таронаҳои марсияви истеъдоди баланд доштааст. Дар назарияи мусиқӣ рисолае тасниф карда, дар …

Муфассал »

Нодирпур Нодир

0

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия …

Муфассал »

Нодиров Рӯзӣ

Нодиров Рӯзӣ (таваллудаш 7.2.1915, деҳаи Айваҷ, ҳозира pайони Шаҳртуз), пахтакор, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1928—1942 обмон, колхозчӣ, 1945—1962 сардори бригадаи пахтакории колхози «Айваҷ»-и pайони Шаҳртуз ва аз соли 1962 нафаҷахӯри шахсӣ. Бри­гадаи Нодиров солҳои 1946—1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо …

Муфассал »

Нодирмуҳаммади Самарқандӣ

Нодирмуҳаммади Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввири асрҳои 16— 17 тоҷик. Нодирмуҳаммади Самарқандӣ дар Самарқанд таваллуд ёфта, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва мусаввириро аз худ кард. Аз Муҳаммадмуроди Самарқандӣ минётурнигориро омӯхта, дар тазйину ороиши девонҳои Саъдию Хофиз, асарҳои Ҷомӣ иштирок намуд. Чун дар пайкарнигорӣ (портреткашӣ) ба дараҷаи устоди баркамол расид, рӯҳониёни …

Муфассал »

Нодирмуҳаммад

Нодирмуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои сулолаи Аштархониён, вориси Имомкулихон. С.оли 1642—1645 ҳукм рондааст. Соли 1645 қазоқҳо ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, то Хуҷанд омадаанд. Нодирмуҳаммад барои зада пеш кардани онҳо бо сардории писараш Абдулазиз лашкар мефиристад. Дар Хуҷанд Абдулазизро хон эълон мекунанд. Нодирмуҳаммад аз ин ҳол огоҳ …

Муфассал »

Нодирии Самарқандӣ

Нодирии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1588), шоири тоҷик. Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд бу­да, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дар­бори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии …

Муфассал »

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ

Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ (соли  таваллудаш номаълум— вафоташ 1549), шоири форс- тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, дар Самарқанд камол ёфтааст. Аз ин рӯ нисбаи «Самарқандӣ» низ гирифтааст. Нодирбеки Ҳиравии Самарқандӣ дар аввали умраш ба ҳунармандӣ ва косибӣ машғул буд. Баъдтар ба омӯзиши илму донит пардохт ва ҳамчун шахси донишманд шинохта …

Муфассал »