Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 100)

Теги: Шахсони машҳур

МУРОДАЛИЕВ Сафар

person

МУРОДАЛИЕВ Сафар (таваллуд 1904, деҳаи Менглии pайони Ҷарқӯрғони Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1957). Солҳои 1920—30 шутуркаш, 1931—42 колхозчй,            1943—.45 иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ, 1946—68 сардори звено, сардори бригадаи пахтакории колхози «Оқолтян»-и райони Шаҳртуз буд. Аз соли 1968 нафақахӯри шахсӣ. …

Муфассал »

МУРИЛО Бартоломе Эстебан

murillo-esteban

МУРИЛО (Murillo) Бартоломе Эстебан (ғусли таъмидаш 1. 1. 1618, Севиля — 3. 4. 1682, ҳамон ҷо), рассоми испанй. Дар Севиля таҳсил ва кор кардааст. Яке аз асосгузорон (1660) ва аввалин президенти АР-и маҳаллӣ. Дар нахустин асарҳои ӯ таъсири караваҷизм (равияи Караваҷо) мушоҳида мешавад. Саҳнаҳои динӣ ҳамчун воқеҳдои ҳаёти халқ тасвир …

Муфассал »

МУРИ

person

МУРИ (Muhri) Франсавӣ (таваллуд 21. 10. 1924, Штейрегг, Штирия), ходими ҳаракати коргарии Австрия ва байналхалқӣ. Аз оилаи шахтёр. Аъзои Партияи Коммунистии Австрия (ПКА) аз соли 1945. Фаъолияти меҳнатиашро аз 15-солагӣ ҳамчун хаткашон, коргари сохтмон, ҳисобчӣ cap кардааст. Мури дар давраи Австрияро забт кардани фашистони немис дар кори гурӯҳи ғайрилегалии иттифоқи …

Муфассал »

МУРАССАЪ

person

МУРАССАЪ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳашмат аз Мурассаъ ёд шуда, «рутбаи каломаш» аз Мирзо Ҳасрати Ҳисорӣ ва Пария Ҳисорӣ болотар таъин гардидааст. Дар баёзи рақами 1256-и Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ як мухаммаси «ширу шакар» (ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) гуфтаи Мурассаъ мавҷуд аст, …

Муфассал »

МУРАДЕЛИ Вано Илич

muradeli-vano-ilich

МУРАДЕЛИ Вано Илич (6. 4. 1908, Гори —14. 8. 1970, Томск, дар Москва дафн шудааст), бастакори со­ветӣ, Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати            Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Кабардино- Балқария (1953), Артисти Халқии  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1968).          Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1942. Консеваторияи Тбилисиро хатм намуда (1931), дар …

Муфассал »

МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Иванович

sergei_ivanovich_muraviev-apostol

МУРАВЁВ-АПОСТОЛ Сергей Ива­нович (9. 10. 1796, Петербург — 25. 7. 1826, ҳамон ҷо), декабрист, под­полковник. Аз оилаи дипломат ва нависанда. Институти инженерони роҳҳои алоқаи Петербургро хатм карда­аст (1811). Иштирокчии Ҷанги ватанӣ (1812) ва юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Январи 1825 аз тарафи П. И. Пестел ба ҳайати Ҷамъияти ҷанубии декабристон …

Муфассал »

МУРАВЁВ Никита Михайлович

muravjov-nikita

МУРАВЁВ Никита Михайлович (30. 7. 1796, Москва — 10. 5. 1843, деҳаи Урики pайони Иркутски вилояти Ир­кутск), декабрист, капитани гвардия (1825). Дар Университети Москва таҳсил кардааст. Аз соли 1813 дар хизмати ҳарбӣ буд. Иштирокчии юришҳои хориҷии армияи рус (1813—14). Чан­де дар Париж зистааст. Аз рӯи ақидааш республикачӣ. Аз соли 1821 …

Муфассал »

МУОВИЯ ибни Абӯсуфён

person

МУОВИЯ ибни Абӯсуфён (соли таваллуд ва вафот номаълум), асосгузори сулолаи Умавиён (661—750) дар хилофати араб. Муовия дар ҷавонӣ яке аз котибони Муҳаммади пайғамбар будааст. Баъди вафоти Муҳаммад (632) Муовияро халифа Абӯбакр (632— 634) дар Шом сарлашкар ва волӣ таъин кард. Ҳамин тавр, Муовия дар нимаи аввали асри 7 ҳукмрони комили …

Муфассал »

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ

person

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ  Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Мувофиқи тасдиқи соҳиби таърихи «Эҳё-ул-мулуке, дар қарияи Мунҷики Тирмиз таваллуд ёфтааст ва тахаллуси адабиаш ҳам ба зодгоҳаш нисбат до­рад. Мунҷики Тирмизӣ пас аз таҳсили илму дониш ва ҳамчун шоир шуҳрат ёфтан, муддате дар дарбори Чағониён, …

Муфассал »

МУНЪИМИ БУХОРОӢ

person

МУНЪИМИ БУХОРОӢ  Ҳоҷӣ Абдурраҳмон ибни Қозибақо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Дар Самарқанд муддате қозӣ буд. Баъдтар ба хид- мати Абдулазизхон (аз сулолаи Аштархониён) дохил шуд. Пас аз вафоти Абдулазизхон ба Ҳиндустон сафар карда, ба дарбори Авралгзеб роҳ ёфт ва ба …

Муфассал »