Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физика (страница 18)

Теги: Физика

Папалекси Николай Дмитрие­вич

papleksi_nikolay_dmitrievich

Папалекси Николай Дмитрие­вич (2. 12. 1880, Симферополь — 3. 2. 1947, Москва), физики советӣ, акад. АФ СССР (1939; аъзо-корр. 1931). Баъд аз хатми Университети Страсбург (1904) дар ҳамин донишкада таҳти роҳбарии К. Ф. Браун кор кард. Аз соли 1914 мушовири Ҷамъияти русии телеграф ва телефони бесим буд. Яке аз муассисони …

Муфассал »

Оптикаи атмосферӣ

1

Оптикаи атмосферӣ, як фасли физикаи атмосфера буда, ҳодисаҳои оптикиеро меомӯзад, ки ҳанго­ми аз атмосфера гузаштани рушноӣ ба амал меоянд (шафақ, тирукамон, сароб, таӯйири ранги осмон, пароканиш ва афканиши радиатсияи намоён ва нонамоён аз тарафи атмосфера, поляризатсияи рӯшноии осмонӣ, назарнамоии предметҳо ва ғайра). Вазифаи асосии Оптикаи атмосферӣ аз омӯхтани хосиятҳои оптикии …

Муфассал »

Оптика

1

Оптика (юнонӣ optike — илм дар борам идроки босирӣ, аз optos — намоён), як фасли физикаро гӯянд, ки дар он табиати афкакиши оптикӣ (рӯшной), пахноиши он дар муҳитҳои гуногуни физикӣ ва ҳодисаҳое, ки ҳангоми таъсири мутақобили рӯшноӣ ва модда ба амал меоянд, омӯхта мешаванд. Афканишоти оп­тикӣ яке аз намудҳои мавҷҳои …

Муфассал »

Оппенгеймер Роберт

1

Оппенгеймер (Oppenheimer) Роберт (22. 4. 1904, Ню-Йорк-18. 2. 1967, Принстон), физики америкоӣ. Дар Университетҳои Гарвард, Кембриҷ ва Гёттинген таҳсил намудааст. Солҳои 1928—29 дар Лейден ва Сю­рих кор кард. Аз соли 1929 профессори Университети Калифорния ва Институти технологии Калифорния. Аз соли 1947 директори Институти тадқиқоти фундаменталии Принстон. Якҷоя бо М. Борн …

Муфассал »

Ом

0

Ом, воҳиди муқовимати электриест дар Системой воҳидҳои байналxалқӣ. Ба шарафи олими немис Г. С. Ом номида шудааст. Ишораташ Ом. Ом муқовимати ноқилест, ки ҳангоми ба 1 Ампер баробар будани қувваи ҷараён байни нӯгҳои он 1 Волт шиддат ба вуҷуд меояд. Таносуби байни Ом ва дигар воҳидҳои муқовимати элект­рӣ чунин аст: …

Муфассал »

Ом Георг Симон

0

Ом (Ohm) Георг Симон (16. 3. 1787, Эрланген—7. 7. 1854, Мюн­хен), физики немис. Дар Университети Эр­ланген таҳсил намуда (1805—06), баъд солҳои 1806—09 дар Готштад (Швейсария) муаллимӣ кардааст. Соли 1811 дар Эрлан­ген рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Солҳои 1813—33 дар шаҳрҳои гуногуни Германия муаллим  буд. Аз соли 1833 директори Мактаби политехникии Нюрнберг …

Муфассал »

Обреймов Иван Василевич

0

Обреймов Иван Васильевич (таваллуд 8. 3. 1894, Аннеси, Франсия), физики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССРУ(1958; аъзо корреспондент1933) Университети Петроградро хатм кардааст (1915). Солҳои 1919—24 ва 1942—44 дар Ин­ститути давлатии опти­ка, 1924—29 дар Институти физика ва техникаи Ленин­град, 1929—41′ дар Институти физика ва техникаи Украина, 1944—54 дар Институ химияи органикии Академияи …

Муфассал »

Нютон

0

Нютон (Newton) Исаак (4. 1. 163, Вулсторп —31. 3. 1727, Кен­сингтон), физик, математик ва астрономн англис. Университети Кембриҷро хатм намуда, унвони илмии бакалаврро гирифтааст (1665). олҳои 1665 —67 дар вақти паҳншавии каса­лии тоун дар деҳаи худ Вулсторп зиндагӣ кардааст ва он солҳо дав­раи пурмаҳсултарини фаъолияти илмии Нютон ба ҳисоб меравад. …

Муфассал »

Нутасия

0

Нутасия (лотинӣ nutatio — лаппиш) дар механика, ҳаракати лаппандаи ҷисми сахт ҳангоми дар атрофи меҳвари худ давр задани ҷисм; ин гуна ҳаракат дар меҳвари даврзании хусусии ҷисм ба вучуд меояд ва ҳар қадаре ки ҷисм бо суръати калон давр занад, басомади лаппиши нутасионии он ҳамон қадар зиёд, амплитудааш кам меша­вад. …

Муфассал »

Нур

0

                    Нур, мавҷҳои электромагнитии дарозиҳояшон аз 400 то 750 нм-ро гӯянд, ки чашми инсон дарк мекунад.

Муфассал »