Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физика (страница 17)

Теги: Физика

МАВҶҲОИ ДАВОН

МАВҶҲОИ ДАВОН, мавҷҳое, ки бар хилофи мавҷҳои истон ҳангоми паҳншавӣ энергия интиқол мекунанд. Мавҷҳои даво ҳам дар фазои озод ва ҳам қад-қади ягон хат паҳн шуда метавонанд; мас., мавҷҳои чандир қад-қади мила, тор, сутуни моеъ ва ғ., мавҷҳои электромагнитӣ қад-қади хатри электрӣ, кабел, мавҷбар ва ғ. паҳн мешавалд. Ниг. низ …

Муфассал »

БОЗОН

bozon

БОЗОН (аз насаби физикии ҳинд – Ш. Бозе), бозе-зарра, зарраи қимати спинаш бутун (0, 1, 2,), Бозонҳо бар хилофи фермионҳо ба омори Бозе-Эйнштейн итоат меку­нанд, ки мувофиқи он шумораи дилхоҳи зарраҳои яксон дар як ҳолати квантӣ қарор мегиранд. Бозонҳо бунёдӣ ва таркибӣ мешаванд. Бозонҳои бунёдӣ кванти майдонҳои калибрӣ ҳастанд, ки …

Муфассал »

Ликватсия

Ликватсия

Ликвасия – ба руссӣ – ликвация (аз лот. liquatio —моеъгардонӣ, гудозиш), сегрегация (аз лот. segregatio — ҷудокунӣ), дар металлургия, ғайриякҷинсагии таркиби химиявии хӯлаҳо, ки дар вақти кристаллшавии онҳо ба вуҷуд меояд. Сабаби ба вуҷуд омадани Ликватсия дар он аст, ки хӯлаҳо мисли металлҳои холис на дар як ҳарорати муайян, балки дар …

Муфассал »

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг

plank-maks-karl-ernst-ludvig

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг (23. 4. 1858, Киль —4. 10.1947, Гёттин­ген), физики назариётчии немис, асосгузори назарияи квантӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Берлин (1894, солҳои 1912—43 котиби он). Президенти Ҷамъияти император Вилгелм (аз 1948 Ҷамъияти М. Планк), аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Петербург (1913), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР …

Муфассал »

Петрянов—Соколов Игор

petryanov-sokolov-igor

Петрянов—Соколов Игор Ва­силевич (таваллудаш 18. 6.1907, деҳаи Бол­шая Якшени ҳозира вилояти Горкий), физику химики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1930) дар Институти физикаю химияи ба номи Л. Я. Кар­лов (аз соли 1908 мудири шӯъба) кор мекунад; дар як …

Муфассал »

Паҳншавии радиомавҷҳо

pahnshavii-radiomavjho

Паҳншавии радиомавҷҳо, просессҳои паҳншавии мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон (дарозии мавҷашон аз 100 мкм бештар) дар атмосфера, фазои кайҳонӣ ва қабатҳои Замин. Паҳншавии радиомавҷҳо асосан ба даро­зии мавҷ, мунавварии атмосфе­раи Замин бо шуоъҳои Офтоб ва як қатор омилҳои дигар вобаста аст. Дар муҳити якҷинса радиомавҷҳо чун шуоъҳои рӯшноӣ бо суръати доимӣ ростхатта …

Муфассал »

Оссиллятор

ossillytor

Оссиллятор (аз лотинӣ oscillo — мелаппам), системаи физикаи лаппандаро гӯянд. Системам механикие, ки дар наздикии нуқтаи мувозинат мелаппад, Оссиллятори классикӣ ном гирифтааст. Агар энергияи потенсиалии Оссиллятор ба квадрати тамоил аз вазъияти мувозинат (ин ҳолат дар мавридҳои лаппишҳои хурд ҷой до­рад) мутаносиб бошад, онро Оссиллятори мавзунӣ (гармоникӣ) меноманд. Мафҳуми Оссилляторро дар …

Муфассал »

Пароканиши рӯшноӣ

parokanishi_rushnoi

Пароканиши рӯшноӣ, ба самтҳои имконпазир парешидани дастаи рӯшноии дар муҳит паҳншавандаро гӯянд. ки дар натиҷаи таъсири мутақобили он бо модда ба амал меояд. Пароканиши рӯшноӣ ҳамчун афканишоти ғайрихусусии модда зоҳир мешавад. Афканишоти ғайрихусусӣ натиҷаи лаппишҳои маҷбурии электронҳо дар атоми муҳити паро- кандакунанда мебошад, ки ин лаппишҳо аэ таъсири шуои афтанда …

Муфассал »

Пaроканиши микрозарраҳо

parokanishi_mikrozarraho

Пaроканиши микрозарраҳо, тағйири самти микрозарраҳо ҳангоми ба ягон муҳит ё зарра (ё худ ба гурӯхи зарраҳо) наздик шудани онҳо.  Пaроканиши зарраҳо ва атомҳои модда ханголми бархӯрд дар физика и атом муфассал омӯхта мешавад.Ҳангоми бархӯрди ядрои атомҳо асосан зарраҳои таркиби ядро (протон, нейтрон) пароканда мешаванд. Ба зарраи заряднок дар .масофҳои хурд …

Муфассал »

Пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ

Пароканиши комбинатсионии рӯшноӣ, эффекти Ра­ман, як навъ пароканиши рӯшноиро аз кристалл, моеъ ва газҳо гӯянд, ки дар натиҷаи он басомади рушноӣ тағйир меёбад. Ҳангомп пароканиши комбинасионии рушноии монохроматии басомадаш v дар спектри рӯшноии парокандашуда басомадҳои иловагии v ± v,- пайдо мешаванд, ки ин ҷо Щ собитаҳоеанд, ки моддаи парокандакунандаро тав-сиф …

Муфассал »