Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 38)

Теги: Адабиёт

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ

2

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ Рӯзбеҳ ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ  номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Накҳатӣ дар тазкираҳо сабт нагардидааст, вале аз ҳунари шоирӣ ва табъи баланди ӯ нуқтаҳоеро пайдо кардан мумкин аст. Масалан, Авфӣ дар бораи ӯ навиштааст: «…нукоти латифи ӯ аз ҳадду адад афзун аст ва …

Муфассал »

Накҳат Мирзонуруддин

2

Накҳат Мирзонуруддин (соли таваллудаш номаълум — вафот 1672, Бухоро), шоири асри 17 тоҷик. Дар Қошғар ба дунё омада, дар Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Дар шеър ба Анварӣ ва Заҳири Форёбӣ пайравӣ кардааст. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ менавишт. Девонаш пайдо нагардидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Накҳат дар баёзҳо ба назар мерасанд. Ад.: Мирзоев. А., …

Муфассал »

Накҳат Комилхоҷа

2

Накҳат Комилхоҷа (1814, Истравшан — 1831), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир ва мударрис Олимхоҷаи Ҳотифии Истаравшанӣ. То 8-солагӣ дар назди падару модараш савод омӯхта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кӯкалтош идома дод. Сарфу наҳви арабӣ, забони туркиро ба хубӣ медонист. Ҳангоми таҳсил ба шеъргӯӣ оғоз намудааст. Ҷавони хушзеҳн, соҳиби қувваи ҳофизаи …

Муфассал »

Накӯии Бухороӣ

Накӯии Бухороӣ Мавлоно (соли таввалуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Доир ба ҳаёту эҷодиёташ маълумоти кофие дастрас нест. Накӯии Бухороӣ аз муосирани Мушфиқӣ буда, бо ӯ мутоиба мекард. Мувофиқи маълумоти тазкиранависон дар навъҳои гуногуни шеърӣ қувва санқидааст. Девонаш то замо­ни мо нарасидааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо мавҷуданд.

Муфассал »

Найсонӣ Саидмуҳаммад

Найсонӣ Саидмуҳаммад То­ҳир ибни Саидҳусайни Татавӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи асри 16 форсизабони Ҳиндустон. Роҷеъ ба ҳаёту эҷодаёти ӯ маълумоте дастрас вест, ба ҷуз он ки ӯ аз шогирдони Мирзо Ғозибеки мутахаллис ба Виқорӣ буда, дар дарбора Акбар мансаби тархонӣ доштааст. Аз Найсонӣ китобе дар таърихи …

Муфассал »

Найду Сароҷини

2

Найду Сароҷини (13.02.1879, Ҳайдаробод — 02. 03. 1949, Лакҳнав), шоири ҳинду, иштирокчии ҳаракати миллии озодихоҳӣ. Аа оилаи бараҳман. Дар коллеҷҳои Лондон ва Кембриҷ тахсил кардааст. Ба забони англисӣ шеър менавишт. Найду дар қадамҳои аввалини эҷодӣ дар пайравии шоиронӣ бузурги англис, махсусан, намояндагони ҷараёни романтикии он шеър гуфтааст. Дар шеърҳои ин …

Муфассал »

Наимии Табрезӣ

Наимии Табрезӣ Фазлуллоҳ ибни Абӯмуҳаммад (1340—1396), шоир ва донишмандӣ форс-тоҷик. Илмҳои замонашро дар Машҳаду Табрез омӯхта, пас ба вилоятҳои Исфаҳон, Хоразму Озарбойҷон ва Нахҷувон сафар карда, бо шоирону адибони ин вилоятҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Ба сабаби пайрави тариқати ҳуруфия буданаш рӯҳониён ӯро ба куфру илҳод айбдор намуданд; а тарафи шоҳони темурӣ …

Муфассал »

Назрии бадахшӣ

Назрии бадахшӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 16 тоҷик. Аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Мовароуннаҳр омад ва илмҳои замонро омӯхта, шахси фозилу донишманде гардид. Мутрибӣ дар тазкирааш аз илму дониши Назрии Бадахшӣ сухан ронда, чанде дар назди ӯ шогирд буданашро зикр мекунад. Назрии Бадахшӣ дар ҳунари …

Муфассал »

Назмӣ Муллонаҷмуддини Бухороӣ

2

Назмӣ  Муллонаҷмуддини Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Назмӣ дар зодгоҳаш Бухоро таҳсили илм ва камоли касб намудааст. Возеҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» дар 19-солагӣ вафот ёфтани Назмиро қайд карда, қариб ба дараҷаи девон расидани ашъори ӯро хабар медиҳад. Назмӣ бо забони турки низ ошно будааст. …

Муфассал »

Назмӣ

Назмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1623, Балх), шоири тоҷик. Дар деҳаи Фулур (Фулул)-и Бадахшон таваллуд ёфтааст. Насрободӣ дар тазкирааш ба иштибоҳ Фулурро яке аз деҳоти музофоти Балх гуфтааст. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Баҳр-ул-асрор» Маҳмуди Китобдор Назмӣ пас аа шӯҳрат пайдо кардан ба дарбори Имомқулихон даъват гардида, ба унвони маликушшуаро соҳиб …

Муфассал »