Орфоэпия (юнонӣ orphoepeia аэ orthos — дуруст ва epos — нутқ, сухан), маҷмӯи қоидаҳои талаффузи адабии ягон забони миллиро гӯянд, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо нормаҳои лексикӣ, грамматикӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғайра мубодилаи афкорро байни намояндогони шеваҳои мухталиф осонтар мекунанд. Қоидаҳои …
Муфассал »Ортиқов Болта
Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва …
Муфассал »Орлов Александр Сергеевич
Орлов Александр Сергеевич (4. 2. 1871, Москва — 6. 3. 1947, Ленинград), адабиётшиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931). Факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм кардааст (1895). Дар ҳамон университет ва мактабҳои олии дигар муаллим буд. Аз соли 1933 муассис ва роҳбари Шуъбаи адабиёти қадими руси Хонаи Пушкин. Муҳимтарин таълифи …
Муфассал »Орифӣ
Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод кардааст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд. Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ …
Муфассал »Орифи Xиравӣ
Орифи Xиравӣ Мавлоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ буда, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмони Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати …
Муфассал »Орифи Қазвинӣ
Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо карда, ашъорашро худаш ба оҳанг дароварда мехонд. Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду …
Муфассал »Орифи Чоёбӣ
Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст. Шеърҳои …
Муфассал »Ориф Ҷалолуддин
Ориф Ҷалолуддин Муҳаммади Шерозӣ (1555—1601), шоир ва орифи форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тасаввуф ба яке аз муридони Абдурраҳмони Ҷомӣ — Мавлоно Муҳаммади Рӯҳӣ пайпавӣ мекард. Манбаъҳои адабӣ ва ирфонӣ Орифро ҳамчун мутасаввифи маъруф ёд мекунанд. Ориф асосан рубоиҳои орифона эҷод кардааст.
Муфассал »Ориф Муҳаммадшариф
Ориф Муҳаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар мавзеи Оғонақии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мадраса таҳсил карда, илмҳои расмии замонашро омӯхт. Аввал дар ахди амир Шоҳмурод (1785—1800) ва баъд амир Ҳайдар (1800—27) ба сифати воқеанигори дарбор хизмат …
Муфассал »Ориф Муллоолими Кобулӣ
Ориф Муллоолими Кобулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Гулбаҳор ном мавзеи тобеи Кобул ба дунё омадааст. Тахаллус «Баҳорӣ» ва дигараш «Рабеӣ». Марди ширинсухан ва базлагӯе буд. Дар тасаввуф ва аҳволи машоихи Ҳиндустон таълифоте чанд ба анҷом расондааст («Шарҳи мақосид ва таҷрид», «Фавотеҳ-ул-вилойа» …
Муфассал »