Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 28)

Теги: Адабиёт

Номии Баҳқарӣ

Номии Баҳқарӣ Мирмуҳаммад Маъсум ибни Мирсайид Сафоии Тирмизӣ (соли таваллудаш номаълум, Баҳкари Ҳиндустон — вафоташ 1610, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Номии Баҳқарӣ баъд аз сари падараш ба Кангрӣ омада, илм меомӯзад. Номии Баҳқарӣ дар илму шоирӣ шӯҳрат ёфта, ба хизмати Акбаршоҳ даромад. Соли 1603 Номии Баҳқарӣ аз тарафи Акбаршоҳ …

Муфассал »

Нола Сайидғозӣ

Нола Сайидғозӣ (1763, Истаравшан — 1844, ҳамон ҷо), шоири то­ҷик. Фарзанди Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Аз хурди ба шеъргӯӣ ва омӯзиши илмҳои расмии замон шӯруъ намуд. Пас аз вафоти падараш сарварии доираи адабии Истаравшанро ба ӯҳда гирифт. Умархони Амирӣ Истаравшанро забт намуда, баробари молу ғаноим ва асирон Нокро ба Хуҷанд бурд. …

Муфассал »

Нозирии Бухорои

Нозирии Бухорои (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Марди донишманд буд. Ба дарбори Абдуллоххон — ҳукмрони сулолаи Шайбониён роҳ ёфт ва яке аз вузарои ӯ гардид; то охири умр дар хизмати дарбор буд. Нозирии Бухорои аз ҳамзамонон ва муоширони Абдурраҳмони Мушфқӣ буд. Дар тазкираву мавбаъҳои адабӣ Нозории …

Муфассал »

Нозими Ҳироти

Нозими Ҳироти     (1601-1605, ) Ҳирот —1671 ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи Ҳунарманд. Дар Ҳирот таҳсил ва эҷод кардааст. Фаъолияти адабии Нозими Ҳироти дар муҳити ҳунармандони Ҳирот ҷараён дошт. Си­пас, шоир бо ҳокими Хуросон Ҳасанхон (1618—1940) муносибат пайдо карда, баъд аз вафоти ӯ дар дарбори Аббоскулихон хизмат намуд ва бо …

Муфассал »

Нозими Табрезӣ

Нозими Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эро­нии асри 17. Дар Исфаҳон таҳсил кар­да аст. Чанде дар Ҳиндустон ва Арабистон буд. Осори ӯ дар Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрат дошт. Аз ме­роси адабии Нозими Табрезӣ ба мо чанд ғазалу қасида, рубоӣ, қитъа, инчунин масвавии «Фирӯз ва Шаҳноз» ва «Тазкират-уш-шуаро» омада расида­аст.

Муфассал »

Нозим Ҳикмат Ран

0

Нозим Ҳикмат Ран (Nazim Hikmet Ran; 20. 01. 1902, Салоники — 3.6. 1963, Москва), шоир, нависанда ва ходими ҷамъиятии турк. Асосгузори назми револютсонии Туркия. Аз оилаи ашроф. Нозим ҲИКМАТ иштирокчии фаъоли харакати озодихоҳии           миллии Туркия (1918—1922). Асарҳояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Соли 1920 аз Истанбули забтшуда ба Анатолия омад. …

Муфассал »

Нозим Фаррухҳусайн

Нозим Фаррухҳусайн (соли таваллудаш номаълум, Ҳирот,— вафот 1657, Ҷахонгирнагари Ҳиндустон), шоири асри 17. Дар Ҳирот касби камол намудааст. Охири умраш дар Ҳиндустон гузаштааст. Аз мероси бадеии ӯ, ба ҷуз чанд шеъри пароканда чизе боқӣ намондааст. Аз ашъори парокаидаи шоир ва маълумоти тазкиранависон пайдост, ки ӯ яке аз адибони пешқадами замон …

Муфассал »

Нозили Xуҷандӣ

Нозили Xуҷандӣ Авазмуҳаммад ибни Ҳоҷимуҳаммад (1790, Хуҷанд — 1876, Хуҷанд), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Нозила, «Нозилӣ», «Тирозӣ», тахаллус кардааст. Нозили Xуҷанд дар мактабу мадрасаҳои Хуҷанд ва Хуҷанд таҳсил намуда, аз солҳои 20 асрҳои 19 ба сифати шахси фозил ва шоири намоёни давр шӯҳрат ёфт. Аз ӯ ду девони ашъор — …

Муфассал »

Нодирпур Нодир

0

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия …

Муфассал »

Нодирии Самарқандӣ

Нодирии Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1588), шоири тоҷик. Нодирии Самарқандӣ аз донишмандон ва шоирони намоёни Самарқанд бу­да, дар мадҳу таърифи Низом ном шахсе бисёр шеър гуфтааст. Баъд аз носозгориҳои рӯзгор дилгир шуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Ба дар­бори Ҳумоюн роҳ ёфт ва дар мадҳи ӯ қасидахо дорад. Мероси адабии Нодирии …

Муфассал »