Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 2)

Теги: Адабиёт

ХИТОБА

ХИТОБА, хитобат, хатобат (арабӣ-гуфтор, сухангӯӣ), порчаи асари мансур, манзум ва ё суханеро гӯянд, ки ба мухотиб гуфта мешавад. Дар илми маонӣ ва баён хитоба ҳунари сухансароию суханварн буда, ҷузъи санъати воизӣ ҳисоб мешуд. Воизон, ки маҳорати сухангӯию суханрониҳои шево доштанд, аз хитоба хеле моҳирона истифода мебурданд. Дар Ғарб хитобаро декламасия …

Муфассал »

ХАФИФ

ХАФИФ (арабӣ сабук), номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Рукни солими хафиф фоилотуи/мустафъӣлун/ фоилотуи (—V /V—/—V) буда, навъҳои гуногунаш аз омезиши рукни аслӣ (фоилотун) ва 8 зиҳофи баҳри рамал (махбун — фаилотун; махбуни маҳзуф — фаилун; махбуни мақсур — фаилон; аслам — фаълун; аслами мусаббағ — фаълон; мушаъас —мафъӯлун; маҷҳуф …

Муфассал »

ХАРИ ИСО

ХАРИ ИСО яке аз образҳои адабиёти форс-тоҷик. Манбаи ин образ аз ривояти динист дар бораи Исо ва ҳайвони савории ӯ. Ҳангоми таъкид кардани кӯшиши беҳуда дар дигаргун сохтани аслу ҷавҳари касе ё чизе ба кор меравад. Масалан, агар гӯянд, ки тарбият ба одами ноаҳл кор намеояд, бар тасдиқи фикр ин …

Муфассал »

ХАРИ ДАҶҶОЛ

ХАРИ ДАҶҶОЛ яке аз образҳои адабиёти форс-тоҷик. Манбаи он қиссаи динии хурофотист дар бораи Даҷҷол ном шахси фиребгар, ки даъвои пайғамбарй дошт. Даҷҷол гӯё дар пушти хараш хӯрҷине доштааст, ки дар як паллаи он оташ (рамзи дӯзах) ва дар дигараш гул (рамзи биҳишт) будаанд ва афродеро, ки ба ӯ имон …

Муфассал »

ХАРАКТЕР дар адабиёт

ХАРАКТЕР дар адабиёт, образи бадеист, ки бо як пуррагию тамомият ва хусусиятҳои фардӣ, ҳамаҷониба ва возеҳу равшан тасвир шуда, тавассути он, аз як тараф, ахлоқу тинати шахс назар ба вазъи иҷтимоию таърихӣ, аз ҷониби дигар, махсусияти дарки ахлоқию эстетикии ҳастин инсон аз назари эҷодкори асар ошкор мегардад. Xарактер ҳодисаи идеологӣ …

Муфассал »

ФОСИЛА

sher

ФОСИЛА (арабӣ — масофаи байни ду чиз; сутун), 1) дар илми аруз ва мусиқии классикии тоҷик рукнест, ки асосан вазн ва ритмро ифода мекунад. Фосила се навъ аст: суғро, кубро ва уммо. Фосилаи суғро аз се мутаҳаррики пай дар пай ва як сокин таркиб меббад («фаилун» — «тананан»): Чу рухат …

Муфассал »

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

books

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН; қисми асоси ва устувори таркиби лугавии забонро гӯянд, ки калимаҳо (лексика)-и аслию манбаии забонро дар бар мегирад. Ба фонди асосии луғавии забон пеш аз ҳама калимаҳое тааллуқ доранд, ки номи муҳимму зарурӣ ва мустаъмали ҳодисаву воқеоти марбути зиндагӣ ва ҳаёти воқеиро ифода менамоянд. Масалан, воми ашё …

Муфассал »

ФИРОҚИЯ

book-1

ФИРОҚИЯ аз арабӣ Ҷудоӣ, дурӣ аз ҳамдигар, ҳиҷрон), дар адабиёти классикии форс-тоҷик шеъреро гуянд, ки дар он дарду алам ва ҳаҷру фироқи шоир аз дурии ватан, дидори ёру хешу табор ифода ёфтааст. Дар чунин шеърҳо қаҳрамони лирикӣ маъмулан аз фироқи ёру диёр ва сахтин тақдир шикоят намуда, сабабҳои ҷудоии худро …

Муфассал »

ФАҒФУР

book-1

ФАҒФУР муарраби бағпур, унвонест, ки дар қиссаву ривоятҳо, достонҳои ҳамосӣ ва ғайра мардуми эронинажод подшоҳони қадими Чинро ёд кардаанд. Чунон ки маълум аст, шоҳони Чин худро «писари худо» меномиданд. Эрониён ҳамчу номро ба забони худ гардонидаанд. Ҷузъи якуми он аз калимаи «бага» — «худо» ва ҷузъи дуюмаш аз «путра» — …

Муфассал »

ФАХРИЯ

book-1

ФАХРИЯ (аз арабӣ — нозиш, болидан аз чизе), як ҷузъи қасидаи мадҳиро гӯянд. Шоир маъмулан баъди мадҳ дар ситоиши шеър ва мақоми шоириаш чанд байт меорад. Фахрия ҳаққонӣ ва анъанавӣ мешавад. Дар Фахрияи ҳаққонӣ шоир, ба таври муболиға бошад ҳам, ба эҷодиёташ баҳо дода, аз баландии шеъри худ меболад. Дар …

Муфассал »