Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

ФОНДИ АСОСИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН; қисми асоси ва устувори таркиби лугавии забонро гӯянд, ки калимаҳо (лексика)-и аслию манбаии забонро дар бар мегирад. Ба фонди асосии луғавии забон пеш аз ҳама калимаҳое тааллуқ доранд, ки номи муҳимму зарурӣ ва мустаъмали ҳодисаву воқеоти марбути зиндагӣ ва ҳаёти воқеиро ифода менамоянд. Масалан, воми ашё ва ҳодисоти табиат: замин, хок, кӯҳ, санг, бод, жола, об, ва ғайра; номҳои марбути олами ҳайвонот: гов, асп, гург, рӯбоҳ, гунҷишк ва ғайра; номи узвҳои бадан: сар, пой, даст, чашм ва ғайра; номи наботот: гандум, ҷав, себ ва ғайра; номи олоти меҳнат: дос, табар, теша ва ғайра; номи кору амал: шудгор, дарав ва ғайра; истилоҳоти хоҷагӣ ва ҳаёти маишӣ: хона, бом, дар ва ғайра; номи хӯрокҳо: нон, гӯшт, равған ва ғайра; истилоҳоти хешовандӣ: падар, модар, бародар, хоҳар, хусур ва ғайра; номи касбу кор ва машғулият: чӯпон, оҳангар ва ғайра; номи маскану ҷойҳо: шаҳр, деҳа, кишвар ва ғайра; номи сифату аломатҳо: сафед, сурх, хурд, дароз ва ғайра; ба фонди асосии луғавии забон ҷонишииҳо, шумораҳо, пешоянду пасояндҳои аслӣ, ҳиссачаҳо ва пайвандакҳо низ дохил мешаванд.

books
Одатан мавқеи фонди асосии луғавии забонро аз рӯи хусусиятҳои устуворӣ, решагӣ, умумиистеъмолӣ ва қобилияти фаъоли калимзсозӣ доштани лексикаи он муайян мекунанд. Калимаҳои фонди асосии луғавии забон асосан аз калимаҳои якҳиҷоӣ ё камҳиҷо иборатанд. Устувории фонди асосии луғавии забон то як андоза характери ниобӣ дорад. Вобаста ба инкишофи ҷамъият тадриҷан баъзе калимаҳо аз фонди асосии луғавии забон хориҷ шуда, калимаҳои нав ба миён меоянд. Бештар калимаҳои марбути истеҳсолот, муносибатҳои истеҳсолӣ, тарзи зиндагӣ ва робитаҳои гуногуни иҷтимоӣ нав мешаванд. Масалан, истеъмоли калимаҳои ҷувоз, осиёб, поза, сипор ва ғайра нисбат ба давраҳои пеш кам шудааст.
Фонди асосии луғавии забони забои тоҷикӣ асосан аз калимаҳои аслии забони тоҷикӣ, ки аз қадим дар истеъмоланд ва дар ташаккули забони тоҷикӣ мавқеи асосӣ доштаанд, фароҳам омадааст. Баробари ин фонди асосии луғавии забони заболи тоҷикӣ аз ҳисоби манбаъҳои иловагӣ — иқтибос аз забонҳои дигар, ки ба муносибатҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ маданӣ ва ғайра вобаста аст, инкйшоф меббад.
X. Рауфов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …