Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 19)

Теги: Адабиёт

Пант Сумитрапандан

Пант Сумитрапандан (20. 5. 1900, Каусани, округи Алмора — 1978), шоири ҳинду. Ба забони ҳинди ме­навишт. Дар пайравии Р. Такур ва нависандагони романтики европоӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои лирикии давраи ҷавониаш (маҷмӯаҳои «Гунҷаҳо”, 1928; «Нағмаи занбури асал», 1932) аз меҳру муҳаббат ба ватан ва ҳиссси ватандӯстӣ саршоранд. Дар назми солҳои …

Муфассал »

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно

Паноҳии Ҳамадонӣ Мавлоно ибни Хоҷа Майрамбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Дар ғазал маҳорат зоҳир карда, аз ин ҷиҳат сазовори обрую эҳтиром гардида буд. Девони ашъораш дастрас нагардидааст. Ашъори парокандааш дар баёзу сарчашмаҳои адабӣ ба назар мерасанд.

Муфассал »

Панин

panin

Панин (асрҳои 5—4 то мелод) забоншиноси Ҳиндустони қадим. Яке аз асосгузорони забоншиносӣ, ки назарияҳои структурализм, семиотика ва мантиқи забоншиносиро ба миён овардааст. Дар шаҳри Таксил таҳсил кардааст. Намояндаи мактаби забоншиноси Ҳиндустони Шимолӣ. Панини аввалин шуда дар Ҳиндустон грамматикаи нормативии забони ҳиндии қадим — «Аштадҳйаи» («Ҳашт китоб»)-ро навиштааст. Ҳар китоби он …

Муфассал »

Пандномаи 3ардӯшт

zardusht

«Пандномаи 3ардӯшт» [но­ми дигараш ба забони паҳлави «Ч и- докандарзипаредкешон »— «Чидаҳои (мунтахаби) андарзҳои доноёни пешгузаштаи дин»], яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ, пандномаест аз таълифоти Зардушт — писари Озарбади Маураспандон. Тақрибан дар асрҳои 4—5 иншо шудааст. «Пандномаи 3ардӯшт» чунон ки аз ҷумлаҳои аввалинаш бармеояд  дастуре буд оид ба асосҳои зардуштия …

Муфассал »

Пандномаи Бузургмеҳр

«Пандномаи Бузургмеҳр», асари адабиёти паҳлавӣ, ки аз пандҳои вазири машҳури Сосониён Бузургмеҳр фароҳам омадааст. Саволҳои шоҳи сосонӣ Анушервон ва ҷавобҳои Бузургмеҳр композитсияи асарро ташкил додаанд. Дар саволу ҷавобҳо аз хусуси бартарии хирад ва илму дониш, некию накӯкорӣ, тарзи дурусти давлатдорӣ ва боз як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаёт ва зиндагӣ басо …

Муфассал »

Панднома

pandnoma

Панднома, маҷмӯи панду ҳикмат ва насиҳату андарзҳо оид ба тарғиби ахлоқи нек ва накӯҳиши ахлоқи бад, масъалаи давлатдорӣ, мазҳаб ва сиёсат, ки чун рисолаю китоб ва маҷмӯаҳои алоҳида ё бобу фасли асарҳои калони фалсафӣ, ахлоқӣ, ҳикмат, сиёсат, тасаввуф, дастурҳо ва ғайра мураттаб карда мешаванд. Ин навъи адабиёт (манзум ва мансур) …

Муфассал »

Палео

paleo

Палео…, ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки ба замони қадим нисбат доштани мафҳумҳои бо ин калимаҳо ифодашударо мефаҳмонад (масалан, палеоботаника, палеография ва ғайра).

Муфассал »

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири тоҷик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса таҳсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар Мад­раса машқи шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холӣ ном шоири ӯротеппагиро гирифтааст. Аммо …

Муфассал »

Осафии Ҳиравӣ

Осафии Ҳиравӣ (1449, Ҳирот — 1517, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Осафии Ҳиравӣ соҳиби зеҳни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Ҳирот, ки ба он Ҷомӣ сарварӣ мекард, мақоми хос дошт. Осафии Ҳиравӣ яке аз шогирдони бомаҳорати Ҷомӣ буд. Аксари тазкиранигорон ӯро яке аз …

Муфассал »

Орӣ Саидаҳмад

Орӣ Саидаҳмад ибни Шоҳабдурадим (1884—1918, Қалъаихум), шоири тоҷик. Дар Дарвоз ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кардааст. Дар шеъру шоирӣ шавқу завқи зиёде дошта, шеърҳояш дар байни халқ маъмулу мақбул гаштаанд. Ашъори Орӣ дар баёзу маҷмӯаҳои қа­ламӣ дарҷ гардидаанд.

Муфассал »