Маълумоти охирин
Главная / Теги: тазкира (страница 4)

Теги: тазкира

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР» тазкира, таълифи Тақиуддин Муҳаммади Кошонӣ. Таълифи «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» с. 1567 шуруъ шуда, бо такмилу таҳрироти зиёде с. 1607 ба анҷом расидааст. Дар тазкира оид ба 651 шоири пешгузашта ва муосири муаллиф маълумот ва аз ашъори онҳо тақр. 35000 байт намуна оварда шудааст. «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор аз …

Муфассал »

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР»

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР» «Хулоса ва мунтахаб», тазкираест, ки Шайх Алинақии Камраӣ тақрбан солҳои 1600—07 таълиф кардааст. Миқдори шоироне, ки дар «Xлосат-ул-ашъор» зикр шудаанд, баробари қисми шуарои мутақадимии тазкираи «Хулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» аст. Шайх Алинақии Камраӣ ин қисми тазкираи Тақиуддини Кошониро аз достонҳои ишқии бофтаву хаёлӣ ва баъзе ҳашвиёт пок карда, танҳо тарҷумаи …

Муфассал »

«ХУЛОСАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ–УЛ–АФКОР» тазкираест, ки Абутолибхони Табрезии Исфаҳонӣ (ваф. 1805) байни солҳои 1791—93 таълиф кардааст. Аз муқаддима, 28 ҳадиқа (боб), 1 зайл (фасл) ва хотима иборат аст. Дар мудқаддима аз хусуси шеъру шоирӣ ва қонуну қоидаҳои тазкиранависӣ, сабабҳои ба таълифи тазкираи «Xулосат-ул-афкор» даст заданаш баҳс кардааст. Дар 28 г ҳадиқа зикри аҳвол …

Муфассал »

«СУҲУФИ ИБРОҲИМ»

suhufi-ibrohim

«СУҲУФИ ИБРОҲИМ» тазкираест, ки Алӣ Иброҳими Халилхони мутахаллис ба Халил соли 1791 дар шаҳри Банораси Ҳиндустон таълиф кардааст. Тарҷумаи ҳол ва намунаи ашъори 3278 шоири қадим ва муосирони муаллифро дар бар мегирад. Ба тартиби ҳуруфи алифбои арабӣ сохта шудааст. Бо исми Абӯзайди Бастомӣ шурӯъ шуда, бо Мулло Ягонаи Балхӣ анҷом …

Муфассал »

«СУБҲИ ГУЛШАН»

book-5

«СУБҲИ ГУЛШАН»  тазкираест, ки Сайидалӣ Ҳасанхони Бҳуполӣ мутахаллис ба Салим соли 1878 таълиф кардааст. «Субҳи гулшан» тазкираи умумист, ки шарҳи ҳоли 2024 шуарои мутақаддим ва ҳамасри муаллифро дар бар мегирад. Тазкира ба тартиби аллфбои арабӣ буда, бо номи Осори Бухороӣ оғоз ва бо Мавлавӣ Юсуфалӣ авҷом ёфтааст. Салим дар муқаддимаи …

Муфассал »

МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ

kitob

«МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ» тазкира, таълифи Муҳаммадбадеь Малеҳои Самарқандӣ. Дар байни солҳои 1688—92 навишта шудаасг. Дар муқаддимаи баъзе аз нусхаҳои «Музокир-ул-асҳоб» муаллиф қайд кардааст, ки асарро то соли 1700 такмил ва тасҳеҳу таҳрир намудааст. Дар « Музокир-ул-асҳоб » оид ба 203 шоири Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрони Ғарбӣ маълумот дода шудааст. Дар оғози « …

Муфассал »