Маълумоти охирин
Главная / Теги: дарахт (страница 4)

Теги: дарахт

ТАМР – феникс

tamr

ТАМР, тамро, финиқ, феникс (Рhоеnix), ҷинси растаниҳои дарахтмонандест аз оилаи нахлҳо. Танаашро боқимондаи думчаи барг пӯшондааст. Дар нӯги тана анбӯҳи баргҳои пармонанди калон ҷойгир аст. Гулаш якҷинса, тавассути шамол гардолуд мешавад. Мевааш донаки сахт дорад. Меваи баъзе навъҳои тамрро мехӯранд. Дар дунё зиёда аз 15 намуди тамр (ноҳияҳои тропикӣ ва …

Муфассал »

ТАБАРХУН

1129452_orig

ТАБАРХУН, 1) номи дигари челон; 2) сурхбед (SalixPurpurea), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи бедҳо. То 3—4 м қад мекашад. Пӯстлохи шохҳои кӯҳнааш хокистарӣ, навдааш зардтоб ё дорчинӣ, холҳои қирмизӣ дорад. Баргаш нештаршакл, бепашмак, хӯшагул («гӯшворак)-аш пеш аз баргбарорӣ мешукуфад; гулҳояш арғувониянд. Асосан дар Европаи Ҷанубӣ ва Миёна, Африкаи Шимолӣ …

Муфассал »

ҚАҲВА

kahva

ҚАҲВА (Coffea), як ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи руяниҳо як навъ нушокиест, ки аз қаҳвадона тайёр кунанд. Дар ҷаҳон тақр. 50 намуди Қ. (дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Африка ва Осиё) меруяд. Фақат 4—5 навъи онро дар мамлакатҳои иқлимашон гарми ҳарду Нимкураи Замин мепарваанд. Махсусан Қ.-и арабӣ (С. ага-ica) …

Муфассал »

ҒУБАЙРО

ghubayro

ҒУБАЙРО 1) санавдар. чайтан, четан, чатдал (Sorbus au-cuporia, Aronia melanocarpa ё Sorbus domestica ва г.), якчанд навъ бутта ва дарахти хурдро гуянд (аз оилаи настараниҳо). Ғ. бештар сурх ва сиёҳ мешавад. Ғ.-и сурх (S’, ausuporia) буттаест, ки то 2 м қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9—17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш …

Муфассал »

Дарахти ҒOP

daraxti-ghor

ҒOP, дарахти ғор, даҳмушт (Laurua nobilis), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. То 19 м қад мекашад. Баргаш чармгуни пурҷило, дарозруя ё нештаршакл (дарозиаш 8—20 см, бараш 1,5—8 см). Хушагулаш 4—6-гулаи чатршакл, гулаш майдаи сафед, ҷудоҷинса ё дуҷинса, мевааш яктухмаи байзашакл (дарозиаш 9—22 мм, диаметраш 9—; 12 мм), сиёҳи кабудтоб; вазни …

Муфассал »

ЭВКОММИЯ

evkommiya

ЭВКОММИЯ (Eucommia ulmoi-des), як навъ дарахти паҳнбарги хазонрезест (аз оилаи эвкоммиҳо). То 20 м қад мекашад. Э.-и худруй дар Хитой месабзад. Онро дар Хитой, Европа, Африкаи Шимолӣ, Америка, СССР (асосан дар кишв. Краснодар, Молдавия, Кавказ, ҷан. Осиёи Миёна) мепарваранд. Э. растании гармипарвард буда, дар водиҳои Тоҷикистон хуб нашъунамо мекунад. Дар …

Муфассал »

ШУНГ

shung

ШУНГ, шинг, биндишкзабон, мурғзабонак, забони гунҷишк, дарахти гунҷишкзабон, сияҳбед (Fraxinus sog-l diaoa), як навъ дарахти хазонрезест аз оилаи зайтуниҳо. Дар шароити табиӣ то 20 (баъзан то 28) м қад мекашад. Танааш рост (диаметраш то 60—70 см), сершоху сербарг аст. Пустлохаш хокистарранги зардтоб. Баргаш паршакл, мураккаб (аз 3—6 ҷуфт баргча иборат …

Муфассал »

ШУЛАШ

ШУЛАШ, гулафшон, арғувони куҳӣ, истак (Cercie grif-fibhii), як навъ дарахти хурди арғувонмонандест аз оилаи лубиёҳо. Аз 3 то 10 м (диаметри танааш 6— 15 см) қад мекашад; сершоху сербарг аст. Пустлохи танааш дорчинии сиёҳтоб, шохчаҳои наврасаш буртоб. Баргаш гирдаи гурдашакл (дарозиаш 4—7 см, бараш 5—12 см), гулаш бунафши гулобӣ ё …

Муфассал »

ШОҲГАЗ

shohgaz

ШОҲГАЗ, яғз (Gleditsia), як ҷинси дарахтони хазонрезест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 7 м қад мекашад. Пустлохаш пурчин, танаву шохаҳояш хорҳои калон-калони нугтез (то 7 см) доранд. Баргаш паршакли дароз (то 20 см), гулаш сабзтоби майда, як ва дуҷинса. Мевааш ғилофак ва тухмаш наскшакл. Дар дуньё тақр. 15 намуди Ш. мерӯяд. …

Муфассал »

ШИЛМ

shilm

ШИЛМ, шилим, зинҷ, самғ, шираи часпакест, ки ҳангоми касалӣ ва осебёбии пусти растанӣ (хусусан буттаву дарахтони мева) ба руй баромада шах мешавад. Ниг. низ Самғ.

Муфассал »