Маълумоти охирин
Главная / Биология / Дарахти ҒOP

Дарахти ҒOP

ҒOP, дарахти ғор, даҳмушт (Laurua nobilis), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи ғориҳо. То 19 м қад мекашад. Баргаш чармгуни пурҷило, дарозруя ё нештаршакл (дарозиаш 8—20 см, бараш 1,5—8 см). Хушагулаш 4—6-гулаи чатршакл, гулаш майдаи сафед, ҷудоҷинса ё дуҷинса, мевааш яктухмаи байзашакл (дарозиаш 9—22 мм, диаметраш 9—; 12 мм), сиёҳи кабудтоб; вазни 1000-: то тухм («донак»)-аш 400—500 г.; Аз ох. март то ох. май мешукуфад, мевааш сент.— окт. мепазад.

daraxti-ghor

Ғ.-и худруй дар ҷангали куҳсори кишвҳои б. Миёназамин меруяд. Ғ.-po дар кишварҳои номбурда дар замонҳои хеле қадим парваридаанд. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқа, қаҳрамонон, шоирон ва диг-ро бо чанбараи Ғ. capфароз мекарданд (калимаи «лауреат» аз номи лотинии Ғ.— Laurus бар-яеояд). Ҳоло Ғ.-po дар бисьёр мамлакатҳо (алалхусус Италия, Юнон, Югославия, Туркия, Миср) мепарваранд- Онро ба Кавказ ва Қрим юнониҳои  қадим овардаанд. Дар СССР Ғ.-po дар соҳилҳои б. Сиёҳи Кавказ, Озарбойҷон ва Қрим парвариш мекунанд. Масоҳати умумии ғорзор — тақр. 5 ҳаз. га; аз ҳар га то 10 ц ҳосил (барг) меғундоранд.

Ғ.-po аз тухм, қаламча ва бехдаст зиёд мекунанд. Ниҳоли Ғ. соли аввал тез месабзад ва соли 2-юм то 60—80 см қад мекашад. Бори аввал дар 4—6-солагӣ гул мекунад. Дар шароити республикаи мо (Боғи ботаникии ш. Душанбе) Ғ. соли 12-ум гул кардааст. Ғ. то 250—300 сол месабзад. Он дарахти сармобардор (то —13*С) аст. Дар маҳалли офтобруя хубтар месабзад. Тирамоҳ ё зимис-тон 3—4 ҳиссаи шоху навдаи Ғ.-po мебуранд. Шохҳои буридаро дар ҷои соя мехушконанд ва баргҳояшонро ҷудо мекунанд.

Шохчаи наврасу барги Ғ. («барги ғор»)-ро аз қадимулайём чун хушбуй истифода мебаранд. Таомро хуштаъму хушбуй мегардонад. Ғ. чун растании шифобахш аз қадим маъмул аст. Доруии онро Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино қайд кардаанд. Мас.,Сино бо Ғ. захми шуш,- хафадон, дарди гуш ва ғ.-ро табобат мекард. Равғанашро чун давои иллати ҷигар ва ҷушоби пустлохашро барои нест кардани «санги гурда» истифода мебурд. Қиёми Ғ.-po позаҳри неши каждум меҳисобид. Дар тибби халқӣ равғанй Ғ.-po ҳангоми тарбод (ревматизм), фалаҷ ва гар (хоришак) ба бадан мемоланд. Ғ. хиёбону гулгаштҳо ва чорбоғҳои истироҳатиро оро медиҳад.

Барги Ғ- 0,7—3,5% равғанй эфир, меваю тухмаш 13—26% равған дорад, ки дар тиб ва атриёт истифода мешаванд.

Ад.: Деревьи и кустарники для озаленения Таджикистана, д., 1065; Вехой В. Н. (ва диг.], Культурные растения СССР, М., 1978.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …