Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАМР – феникс

ТАМР – феникс

ТАМР, тамро, финиқ, феникс (Рhоеnix), ҷинси растаниҳои дарахтмонандест аз оилаи нахлҳо. Танаашро боқимондаи думчаи барг пӯшондааст. Дар нӯги тана анбӯҳи баргҳои пармонанди калон ҷойгир аст. Гулаш якҷинса, тавассути шамол гардолуд мешавад. Мевааш донаки сахт дорад. Меваи баъзе навъҳои тамрро мехӯранд. Дар дунё зиёда аз 15 намуди тамр (ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиёю Африка) мерӯяд. Як навъи тамр (Рh. Dastulifera)-ро, ки мевааш (финиқ) хеле маъмул аст, аз қадимулайём дар ноҳияҳои камбориши субтрошгкии Африкаи Шимолӣ, нимҷазираи Арабистон, Эрони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Покистон (то соҳили рости дарёи Ҳинд) мепарваранд.

tamr

Дарахти финиқ то 15—20 м қад мекашад ва диаметри танааш ба 80 см мерасад; аз бехи танааш бехҷастҳо мерӯянд. Баргаш хеле калон (дарозиаш 4—6 м), мевааш (финиқ) дарозрӯя ё гирда (дарозиаш то 7,5 ом, бараш 3,5 см) мешавад. Финиқ хеле ширин ва сергизост: 26—55% ҚдВД (глюкоза, фруктоза), 1,9—3% сафеда, 1—2,5% равған, витаминҳои А, В, Е ва ғйра дорад. Финиқ чун меваҷоти шифоӣ низ маъмул аст. Абӯалии Сино финиқро барои табобати иллати шуш, ҷароҳат ва чун давои хунбанду муқавӣ шстифода бурдааст. Аз шираи тамр қанд мегиранд, инчунин май тайёр мекунанд.
Тамрро дар Туркманистон мепарваранд. Бисёр навъҳои тамр (масалан, Рh. саnariensis) боғу чорбоғи ноҳияҳои субтропикӣ, аз ҷумла соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказро оро медиҳанд.
Адабиёт: Бахтеев Ф. X., Важнейшие плодовые растения, Москва, 1970.
М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …