Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 12)

Теги: шоир

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРҚАНДӢ Саидкамол

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРҚАНДӢ Саидкамол (таваллуд 1657, Самарқанд—соли вафот номаълум, Бухоро), шоири тоҷик. Аз табақаи ҳунармандон. Хонаводаи Фитрати Зардузи Самарқандӣ ба зардӯзӣ машғул будавд. Шоир низ ин ҳунарро ёд гирифта, дар зардӯзӣ маъруф шуд. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кард. Баъди хатми мактаб муддате ба худомӯзаӣ машғул шуда, сипас барои таҳсил …

Муфассал »

ФИТРАТИ ДАРВОЗӢ Лутфуллоҳхоҷа

ФИТРАТИ ДАРВОЗӢ Лутфуллоҳхоҷа (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 19 ва аввали асри 20 зиндагӣ кардааст. Зодгоҳаш Дарвоз. Баъди хатми мактаб барои таҳсил ба Бухоро рафт. Мадрасаро тамом карда, саҳҳофиро пеша намуд. Фитрати Дарвозӣ шоири боистеъдод ва баркамоле буда, ашъори парокандаи зиёди ӯ дар баёзҳо дучор меоянд. …

Муфассал »

ФИТРАТ Мулло Қурбонхони Вардонзеҳӣ

ФИТРАТ Мулло Қурбонхони Вардонзеҳӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1887), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, дар баъзе туманҳои Бухоро қозигӣ кардааст. Аксари тазкиранависони асри 19 ва ибтидои асри 20 оид ба Фитрат маълумот дода, аз осораш намунаҳои зиёд овардаанд. Дар баёзҳо низ ашъори Фитрат сабт шудааст. У бештар ба …

Муфассал »

ФИРӮЗИ МАШРИҚӢ

ФИРӮЗИ МАШРИҚӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 897), шоири форс-тоҷик. Аз пешгузаштагони Рӯдакӣ. Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» меорад, ки Фирӯзи Машриқӣ дар шоирӣ маҳорати хуб дошта, шеъри форсиро равону содда месурудааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин ду байтро Фирӯзи Машриқӣ дар сифати тири хаданг гуфтааст: Мурғест хаданги ӯ аҷаб дидӣ, …

Муфассал »

ФИРӮЗИ ЗАРДУШТӢ

ФИРӮЗИ ЗАРДУШТӢ, ибни Ковус (соли таваллуд номаълум — вафот 1827/8 ё 1835), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар хонадони пайравони зардуштия — порсҳо таваллуд ёфта, дар 10-солаги барои таҳсил ба Эрон омад. Пас аз 12 сол ба Ҳинд баргашт. Ба қалами Фирӯзи 3ардуштӣ фарҳанге дар шарҳу тафсири калимаҳои паҳлави ва асари таърихии …

Муфассал »

ФИРОҚӢ

ФИРОҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (нимаи дуюми асри 15 ва нимаи аввали асри 16). Номаш Хоҷа Айюб. Аз Шаҳрисабз. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Падараш Хоҷа Абулбарака аз акобири Шаҳрисабз буда, ба камолёбии фарзандаш дар ҷодаи шеъру шоирӣ кӯмак расонидааст. Бо тахаллуси Фироқӣ ва Айюб шеър гуфтааст. …

Муфассал »

ФИКРИИ САЛҶУҚӢ

ФИКРИИ САЛҶУҚӢ Абдуррауф ибни Мавлави Абдулфаттоҳи Салҷуқӣ (1908, шаҳри Ҳирот—1968, ҳамон ҷо), адабиётшинос ва шоири афғон. Ҷараёни зиндагӣ ва камолоташ дар Ҳирот гузаштааст. Ба адабиёт ва санъати нафиса таваҷҷӯҳи хос дошт. Хатти настаълиқро зебо ва олӣ менавишт. Солҳои 1939—42 муовиии Анҷумани адабии Ҳирот, баъдҳо ходими Музеи Ҳирот ва мудири маҷаллаи …

Муфассал »

ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф

ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф (соли таваллуд номаълум — вафот 1565), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳо нисбак ӯ Ҳиравӣ, Турбатӣ, Машҳадӣ омадааст. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Машҳад гузашгааст. Дар охири умраш муддате дар Ҳинд буд ва ҳамон ҷо вафот кард. Фикрӣ бештар ба сурудани рубои майл доштааст ва лақаби Мири рубоӣ» …

Муфассал »

ФИКРАТ Абдурраззоқи Бухороӣ

ФИКРАТ Абдурраззоқи Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1893), шоири тоҷик. Илмҳои даврашро ба хубӣ аз худ карда, машғули тадрис буд. Дар ҷавонӣ бо тахаллуси «Соҳиб» ба шеъргуӣ сар кард. Дар тазкира ва баёзҳои асри 19 газалҳо, рубоиҳо ва мухаммасҳояш омадаанд. Мавзӯи ашъораш ишқ, васфи хушиҳои зиндагӣ ва манзараҳои табиат …

Муфассал »

ФИДОИИ ТАБРЕЗӢ Рустаммирзо

ФИДОИИ ТАБРЕЗӢ Рустаммирзо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 16). Дар зодгоҳаш — Табрез касби камол намуд. Сипас, ба Ҳидустон рафта, ба хидмати дарбори Акбар дохил шуд. Дар охири умр ба диёраш баргашт. Дар тазкираҳо («Тазкират-уш-шуаро».-и Мутрибӣ, «Рӯзи равшая»-и Сабо ва ғайра) Фидоии Табрезӣ чун шоири хушбаёну накусухан …

Муфассал »