«Орбита», номи шартии стансияҳои рӯизаминии алоқаи кайҳонӣ, ки дар территорияи СССР системаи ягонаро ташкил медиҳанд; тавассути радифони алоқаи «Молния» барои ретранслятсияи минбаъда барномаҳои монохромӣ (сиёҳу сафед) ва рангаи телевизиони марказиро ирсол ва қабул мекунад. Аввалин 20 стансияи ин система соли1967 ба кор cap карданд ва соли 1982 шумораи онҳо қариб …
Муфассал »Оптикаи физикӣ
Оптикаи физикӣ, нигаред Оптика.
Муфассал »Опричнина
Опричнина, опришнина (аз русии қадим опричный —махсус), системаи чорабнниҳои фавқулоддаи ҳарбию маъмурӣ ва иҷтимоию иқтисодии подшоҳ Ивани IV (Грозний) барои мустаҳкам намудани ҳокимияти мутлақияти марказонида шуда ва барҳам додани парокандагии феодалӣ. Ивани IV барҳам задани «ошӯбҳо»-ро мақсади асосии Опричнина медонист. Баробари ҷорӣ кардани Опричнина ҷазои бераҳмонаи оппозицияи боярҳою князҳо ва …
Муфассал »Оппортунизм
Оппортунизм (аз лотинӣ opportunua — муносиб, мувофиқ; мутобиқшавӣ, созишкорӣ), ҷараёнест, ки дар просесси болоравии ҳаракати револютсионии синфи коргар (нимаи дуюми асри 19) ба вуҷуд омада, ба манфиати ҳаракати коргарӣ мухолиф аст. Оппортунизм барои ҳимояи манфиатҳои синфии буржуазия синфи коргарро ба созишкорӣ ва таслимшавӣ даъват менамояд. Таълимоти сотсиализми томарксистӣ ва равияҳои …
Муфассал »Оперетта
Оперетта, (италявӣ operetta — операи хурд), асари мусиқии саҳнавист. Мусиқии вокалию созӣ, инчунин рақсу балет ва унсурҳои санъати театриро дар бар гирифта, аз имкониятҳои диалог нисбат ба опера васеътар истифода мебарад. Асоси драматургию мусиқии Оперетта, тарона ва рақс аст. Дар Оперетта, мисли опера, аз мусиқии вокалӣ ва созӣ — ария, …
Муфассал »Онтология
Онтология (юнонӣ ontos — вуҷуд ва логия), як фасли фалсафаро гӯянд, ки аслу асоси куллӣ, принсипҳо таркиб ва қонунияти умумии ҳастиро таҳқиқ мекунад. Моҳиятан Онтология як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати воқеият мувофиқ омада, дар системаи категорияҳои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафӣ …
Муфассал »Ономастика
Ономастика (аз юнонӣ onomastikds — санъати номгузорӣ, onoma — ном), 1) як шӯъбаи илми забоншиносиро гӯянд, ки таърихи пайдоиш ва таҳаввули исмои хосро меомӯзад; 2) маҷмӯи ҳама гуна исмҳои хос (лексикаи ономастикӣ), оним и я, ки вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимҳо (номи ашхос), этнонимҳо (номи қавмҳо, миллатҳо, халқҳо), топонимҳо …
Муфассал »Онкология
Онкология (аз юнонӣ onkos — ҷоғар, омос ва …логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои омосиро меомӯзад. Бемориҳои омосӣ аз қадимулайём маълуманд. Маълумоте, ки дар папирусҳои Эберс (1550 то милод) зикр ёфтаанд, ба ин шаҳодат медиҳанд. Оид ба омосҳо дар асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Селс, Ибни Сино, Исмоили …
Муфассал »Омма
Омма (Т— азҳамравӣ), шикастани чумҷумаро гӯянд, ки зарб то мағзи cap расида бошад.
Муфассал »Олучабандак
Олучабандак, ниг. Олуболу.
Муфассал »