Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИТОРАҲО

СИТОРАҲО

star

СИТОРАҲО, як навъ ҷирмҳои мунири осмониро гӯянд, ки аз газҳои тафсон таркиб ёфтаанд ва табиатан ба Офтоб монанданд. Офтоб ҳам ситора буда, аэ он сабаб ба наэари мушоҳид хеле калон (нисбат ба Ситора) менамояд, ки ба Замин хеле наздик аст. Агар рушноӣ аэ Офтоб то Замин баъд аэ 8,33 дақиқа ояд, пас аз ситораи наздиктарин (а — Кентавр) баъди 4 солу 3 моҳ омада мерасад. Аксарияти ситораҳое, ки одатан шабона бе телескоп дидан мумкин аст, аз Замин дар масофаҳон даҳҳо ва садҳо соли нур ҷойгир мебошанд. Ситораҳо чунон дуранд, ки барои чен кардани масофаҳои онҳо воҳидҳои махсус (парсек, соли нур)-ро истифода мебаранд. Аз рӯи масса, андоза, зичӣ, равшаноӣ (қобилияти нурафканӣ), таркиби химиявӣ ва дигар параметрҳояшон Ситораҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи ҳамин параметрҳояш Офтоб дар байни Ситораҳо ҷои миёнаро ишғол м6екунад.

star-3

  Ситораҳо аз сабаби дур буданашон ҳатто бо телескопҳои калоитарин ҳам чун нуқтаҳои дурахшон менамоянд, ки тобиши гуногун доранд. Тобиши Ситораҳо  бо қадри ситоравӣ чен карда мешавад. Мувофиқи таклифи Гиппарх ситораи аз ҳама дурахшон — қадри якум ва ситораи аз ҳама тира (ситорае, ки дар тирашаб бо чашми номусаллаҳ дидан мумкин аст) қадри шашум номида шуданд. Ҳамин тавр чи қадаре, ки тобиши ситора зиёд бошад, рақами қадри визуалии (назарнамоии) он ҳамон қадар камтар аст. Ситораҳои ҳар як қадри оянда аз ситораҳои қадри пешина 2,512 карат сусттар мебошанд. Қадрҳои ҷирмҳои осмонии хеле дурахшон манфианд. Масалан, қадри ситораи дурахшонтарини осмон — Шабоҳанг ба —1,5; аз они Офтоб ба —26,7; қадри Моҳи лурра (бадр) ба —12,5; Зӯҳра ба —4 баробар аст. Ба воситаи телескопҳои пуриқтидор ситораҳои қадрашон то +24-ро мушоҳида кардаи мумкин.

  Сабаби қадрҳои гуногун доштани Ситораҳо на танҳо дар масофаи гуногун воқеъ буданд онҳост, балки нурафкании гуногун доштани Ситораҳо ниа мебошад. Пас барои бо якдигар муқоиса кардани Ситораҳо бояд масофаи оиҳоро ба лазар гнрифтап лозим аст. Он қадре, ки ситора дар масофап 10 пк дошта метавонист, қадри мутлақ ном дорад. Агар қадри зоҳирии ситора пг ва масофаи он г маълум бошанд, он гоҳ қадри мутлақи ситораро М аз рӯи формулаи зерин ифода карда мешавад. Қадри мутлақи Офтоб ба +4,9 баробар аст. яъне аз масофаи 10 пк ба назарн мо Оф- тоб ҳамчун як ситораи тира менамуд.

  Миқдори энергияи рӯшноие, ки онро ситора дар воҳиди вақт меафканад, равшаноии снтора ном дорад. Равшаноии Офтоб тақрибан 4-КР3 эрг/ сон-ро ташкил мекунад. Одатан равшаноии ситораҳоро ба равшаноии Офтоб нисбат медиҳанд ва дар ин ҳол равшаноии ситора нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ситора нисбат ба Офтоб чанд карат сусттар ё дурахшонтар аст.

  Аксар вақт ба ҷои равшаноӣ қадри мутлақи Ситораҳоро бо ҳам муқоиса мекунанд, зеро равшаноӣ (нисбат ба равшаноии Офтоб) ва қадри мутлақ бо ҳам чунин вобастаанд.

  Равшаноии Ситораҳо хеле гуногунанд. Ситораҳое, ки равшаноиашон нисбат ба равшанони Офтоб садҳо ва ҳазорҳо карат калонтар аст, ситораҳои азим ва фавқулазим ном доранд. Масалан, ситораи Дабарон (а—ситораи бурҷи Саёр), ки равшапоиаш нисбат ба Офтоб 155 карат зиёд аст  ситораи аэим буна, ситораи Реҷул (ё —ситораи бурҷи Ҷаббор), ки равшаноиаш ба  81000  баробар аст, ситораи фавқулазим мебошад. Дар айни ҳол ситораҳое низ ошкор карда шудаанд, ки равшаноии онҳо нисбат ба Офтоб даҳҳо ҳазор маротиба хурдтар аст.

  Ситораҳо аз якдигар бо ранги худ ҳам (кабуд, зард, сурх ва ғайра) фарқ мекунанд. Ранги Ситораҳо ба ҳарорати сатҳи онҳо вобаста аст.

Дар ин диаграмма Ситораҳо қад-қади панҷ тасмаҳое ҷойгир шудаанд, ки онҳоро пайдарпаӣ меноманд. Дарозтарини онҳо, ки аз синфи спектрии 0 то синфи М 8 кашол меёбад, пайдарпаии асосӣ иом дорад ва ба ор аз ҳама бисёр Ситораҳо тааллуқ дораид. Ҳарорати ситораҳои синфи 0-и ин пайдарпаӣ 50000°—30000°С ва ҳароратн ситораҳои синфи М-и он (резаситораҳои сурх) 4000°—3000’С мебошад. Ба ин пайдарпаӣ Офтоб (синфи спектриаш 0-4) низ тааллуқ дорад, ки дяр расм бо доирача нишон дода шудааст.

  Дар зери пайдарпаии асосӣ пайдарпаии субрезаситораҳо ҷойгир шудааст. Субрезиситора ниобат ба ситоран пайдарпаии асосии ҳамон як сиифи спектрӣ 5—6 карат кпмтар рӯшноӣ меафканад. Дар қисми поёну чапи диаграммаи «спектрравшаноӣ» пайдарпайи реааситораҳои сафед ҷойгир шудааст. Резаситораҳои сафед ситораҳое мебошаид, ки равшаноиашон хеле хурд, апдозаҳояшон ба андозаҳои Замин наздик, зичиашон тартиби 106 г/см3 ва аксарияташон сафед ё зард мебошанд. Пайдарпаии ситораҳои азимро ситораҳои равшаноиашон баланду радиус- ҳояшон калон ташкил мекунанд. Дар қисмп болоии диаграмма пайдарпаии ситораҳои фавқулазим ҷоигир шудааст. Ситораҳои фавқулазим кам вомехӯранд, ба яктои онҳо қариб 10 млн ситораҳои пайдарпаии асосӣ, қариб млн резаситораҳои сафед, 10 ҳазор субрезаситораҳо ва 1000 ситораҳои сурхи азим мувофиқ меоянд.

  Диаграммаи «спектр-равшанон» мувофиқн ситораҳои наздики Офтоб- ро иҳотакунанда сохта шудааст ва он на танҳо алоқаи байни ҳарорат ва равшаноии ситораҳоро, балки вобастагии ин хусусияти ситораҳоро бо проссесҳои инкишофи онҳо низ нишон медпҳад.

  Дар натиҷаи омӯхтани спектри Ситораҳо ошкор карда шудааст, ки моддаи Ситораҳо аз ҳамон як элементҳои дар Замин мавҷуда иборат аст. Аммо 72% массаи аксарияти ситораҳо аз гидроген ва 25%-ашон аз гелий иборат аст.

  Аксар ситораҳо мавриди мушоҳида андозаи бузург доранд. Аз рӯи андозаҳояш Офтоб дар байни С. ҷои миёнаро шпғол мекунад (радиусаш ба 696000 км баробар аст). Аммо чунин ситораҳои хурд — резаситораҳои сафед ва ситораҳои нентронӣ ошкор карда шудаанд, ки диаметрашон ҳамагӣ 10—20 км асту бас. Ситораҳое низ ҳастанд, ки аз Офтоб хеле калонанд. Аз ҷумла, диаметри қӯшаситораи гирифткуна ндаи УӮ-и бурҷи Мултаҳиб аз диаметри Офгоб дида 2300 маротиба калонтар аст.

  Зичии миёнаи аксарияти Ситораҳо ба зичии об наздик аст. Аммо ситораҳое низ ҳастанд, ки зичии хеле калов доранд: зичии ситораи Кейпер, ки ба гурӯҳии резаситораҳои сафед мансуб аст, 36000000 г/см3-ро ташкил мекунад. Зичии ситораҳои нейтронӣ боз ҳам зиёдтар буда, то ба 104 г/см3 мерасад.

  Ситораҳо аз ҷиҳати масса аз ҳам чандов фарқ намекунанд. Массаи ситораҳои «вазнинтарин» аз массаи Офтоб даҳҳо маротиба калонтар ва массаи ситораҳои «сабуктарин» аз массаи Офтоб 5—6 бор камтаранд. Массаи қӯшаситораҳои визуалиро аз қонуни сеюми Кеплер (ба намуди саҳеҳаш) истифода бурда ҳисоб мекунанд. Барои муайян кардани массаҳои аксарияти Ситораҳо вобастагии статистикии байни равшаноӣ (ё қадри мутлақ) ва массаи ситораҳоро истифода мебаранд..

star-1

  Дар натиҷаи омӯхтани спектрҳои Ситораҳо муқаррар карда шудааст, ки бисёр Ситораҳо дар атрофи меҳварашон чарх мезананд.

 Суръати чархзании ситораҳои синфҳои спектрии охир (С, К, М) суст аст, масалан, барои ситораҳои синфи К аз 10 км/сон зиёд нест. Эҳтимол сабаби дар атрофи меҳвараш КМ суст чарх задани Офтоб инсон дорои система сайёраҳо будани он бошад. Ситораҳое, ки тез чарх мезананд, шакли сфероиди хамшударо мегиранд. Чархзании Ситораҳо ба якчанд ҳодисаҳои физикии сатҳи онҳо сабаб мешавад.

  Бисёрии Ситораҳо системаҳоеро ташкил мекунанд, ки за ду, се ва аз ин ҳам зиёд ситора иборатанд. Дар дохили ҳар як система дар натиҷаи таъсири қувваи ҷоаиба Ситораҳо дар атрофи якдигар низ давр мезананд. Ин гуна ситораҳоро ситораҳон каратӣ меноманд. Агар система аз ду ситора иборат бошад, вай қушаситора ном дорад. Агар ҳамвории мадори қӯшаситора бо самти назар мувофиқ бошад, яке аз Ситораҳо пеши дигарашро муттасилона мегирад ва дар натиҷа тобиши ситора даврӣ тағйир меёбад. Ин гуна система қушаситораи гирифткунанда ном дорад, ки ба он ситорап Алғул мисоли оддист.

  Бисёрии ситораҳои каратиро ҳатто бо телескопҳои пуриқтидор ҷудо- ҷудо дидаи мумкин нест. Каратӣ будани онҳоро танҳо дар асоси тадқиқоти рӯшноии (спектри) онҳо му айян кардан мумкин аст. Тағйирёбии тобиш на танҳо дар натиҷаи каратӣ будани ситораҳо ба амал меояд. Садҳо ҳазор ситораҳои ягона (танҳо) ошкор карда шудаанд, ки сабаби тағйирёбии тобиши онҳо ҳодисаҳои физикие мебошаид, ки дар худи ҳамин Ситораҳо рӯй медиҳанд. Ин гуна ситораҳоро сктораҳои физикӣ тагйиробанда меноманд. 6 — ситораи бурҷи Мултаҳиб мисоли ин гуна ситораҳост, ки шакли хати каҷи тобиши он даврӣ такрор мешавад ва аз ҳамин саоаб онро ситораи даврй тағйирёбанда меноманд. Чунин ситораҳои тағйирёбанда маълуманд, ки даврн тағйирёбии тобиши онҳо ҳамагӣ нкчавд соатро«зони баъзеҳояшон даҳҳо шаборӯзро (мултаҳибони дароздавр) ташкил мекунанду халос.

  Дурахшонин мултаҳибон дар натиҷаи тағйир ёфтани ҳаҷми онҳо тағйир меёбад: аввал ситора васеъ шуда «варам мекунад» ва анчиага кам, ҳарораташ паст ва равшаноиаш хурд мешавад. Дар вақти фишурдашавӣ зичӣ ва равшанони ситора меафзояд.

  Дар байни ситораҳои нособит (ба онҳо ситораҳои тағйирёбанда низ мансубанд) ситораҳое мавҷуданд, ки дурахшонии онҳо якбора садҳо ҳазор ва даҳҳо миллион карат меафзолд. Дар он ҷон осмон, ки пештар ин ситора аз сабабн хеле тира буданаш днда намсшуд (нопадид буд), акнун мо ситораи дурахшонеро мебинем. Ин гуна ситораҳоро шартан нав ё навтарин меноманд. Чанде аз ин гуна ситораҳоро астрономҳои Тоҷикистон А. В. Соловев ва В Сотиволдиев кашф кардаанд.

  Дар бораи пайдоиши Ситораҳо ду фарзия мавҷуд аст. Мувофиқи яке аз онҳо Ситораҳо гӯё аз материяи газу чангноки галактикӣ ба вуҷуд омадаанд. Фосилаи вақте ки дар давоми он ситора аз абри газу чангнок фишурда шуда, то ба ҳолате, ки дар қисмҳои маркази он реаксияҳои термоядроӣ сар мешаванд, даври фитаҳриши ситора ном дорад. Дар ин давр ҳарорат ва равшаноии ситора меафзояд. Ҳангоми самаранок сар шудани реаксияҳои термоядроӣ (давраи статсионарӣ) ҳамаи Ситраҳо дар пайдарпаии асосии диаграммаи «спектр-равшаноӣ» ҷойгир мешаванд. Бнно ба ақидаҳон ҳозира- замон дар Ситораҳо асосан ҳамоне аз реаксияҳои термоядрои нуфуз дораяд, ки дар натиҷаи онҳо гидроген ба гелий табдил меёбад. Ин гуна реаксияро реаксияи нави протон-протонӣ меноманд ки дар ҳароратҳои аз 16 млн дараҷа пасттар сурат мегирад.

  Баъде ки ҳамаи гидрогени қисми марказии ситора ба гелий табдил ёфт, дар дохили ситора ядрои гелийи ба вуҷуд омада, дар қабатҳои болоии 0н низ гидроген ба гелий мубаддал мешавад. Пас аз ин ядрои гелийио ситора тадриҷан фитаурда шуда боз ҳам метафсад ва гелий ба карбон мубаддал шудан мегирад. Дар иатиҷа равшаноӣ ва андоааҳон ситора афзуда, ситорап оддӣ оҳиста-оҳиста оз ситораи азими сурх ё фавқулазим табдил меёбад ва дар диаграммаи «спектр- равшаноӣ» мавқеи дигареро мегирад.

  Инкишофи ояндаи илм иишон хоҳад дод, ки кадоме аз фарзияҳои пайдоиш ва тахаввули ситораҳо дуруст аст. Ба ҳар ҳол пайдоиш ва таҳаввули ситораҳо, ҳодисаҳои физикии дар онҳо ба амалоянда нишон медиҳанд, ки Ситораҳо мувофиқи қонунҳои табиат пайдо мешаванд, пайваста тагйир меёбанд ва рӯ ба нобудй меоранд.

                                                                                           П. Бобоҷонов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …