Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ЗИРОАТИ СУБТРОПИКИИ ВАХШ

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ЗИРОАТИ СУБТРОПИКИИ ВАХШ

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ЗИРОАТИ СУБТРОПИКИИ ВАХШ, муаосисаи тадқиқоти илмист, ки ба тадқиқу парвариши растаниҳои субтропикӣ машғул аст. Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш дар ноҳияи Колхозобод (соли 1935) таъсис ёфта, тадқиқи растаниҳои субтропикӣ, рӯёнидани навъҳои серҳосил ва дар колхозу совхозҳои ҷануби Тоҷикистон ба роҳ мондани парвариши онҳоро дар ӯҳда дорад.

Солҳои 50—60 Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш ба омӯзиши биҳӣ, олу, шафтолу, инчунин навъҳои ангур ва агротехникаи ток низ машғул шуд. Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш 44 навъи ангурро санҷида, навъҳои беҳтарини онро ба колхозу совхозҳои ҷануби Точикистон тавсия кард. Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш дар водии Вахш 40 навъи челонро аз санҷита гузаронд. Корҳои таҷрибавию тадқиқоти бисёрсолаи Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш ба инкишофи питруспарварии водии Вахши вилоятҳои Ленинободу Кӯлоб мусоидат кард.            У. Эшонқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …