Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПОРАҲО

СПОРАҲО

spora_1

СПОРАҲО (аз юнонӣ spora — коштан, кишт, тухм), 1) ҷанини (муғҷаҳои аввалини) микроскопии растаниҳои дараҷаи паст ва олист, ки барои афзоиш ва аз шароитҳои номусоид муҳофизат намудани онҳо хизмат мекунад. Спораҳо одатан лӯнда, байзашакл ва бештар устувонашакл мешаванд. Онҳо аз як ё якчанд ҳуҷайра ташкил ёфтаанд. Спораҳо ба ҷилди ба таъсироти шароити беруна устувор пӯшида шудаанд. Онҳо ба воситаи об (зооспораҳои бисёрии обсабзҳо ва баъзе занбӯруғҳо), шамол, ҳашарот ва ғайра паҳн мешаванд. Баъзе Спораҳо қобилияти сабзиши худро чандин сол нигоҳ дошта метавонанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …