Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПАССКИЙ Борис Васильевич

СПАССКИЙ Борис Васильевич

spasskiy

СПАССКИЙ Борис Васильевич (таваллуд 30. 1. 1937, Ленинград), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери советӣ ва байналхалқӣ (1956), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1964), журналист. Университети давлатии Ленинградро хатм намудааст (1959). Чемпиони СССР (1962, 1973) ва ҷаҳон (1969—72, баъди ғалаба бар Т. В. Петросян); чемпиони ҷаҳон дар байни ҷавонон (1955). Ғолиби вохӯрии довталабони (1965, 1968) як қатор мусобиқаҳои байналхалқӣ дар Мардел-Плата (1960), Белград (1964), Санта-Моника (1966), Бевервейк (1967), Сан-Хуан (1969), Лейден (1970) ва ғайра. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …