Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Димнаи СОМҒОР

Димнаи СОМҒОР

СОМҒОР, димнаест мансуб ба асрҳои 3—19, ки дар канори деҳаи Сомғор, 25 км шимолу шарқтари шаҳри Ленинобод воқеъ аст. Бино ба ривоятҳо номашро гӯё аз номи Сом — писари дуюми ҳазрати Нӯҳ ва ғоре, ки Сом ҳангоми ҳифзи Сомғор кофтааст, гирифтааст. Сомғорро кормандони отряди Тоҷикистони Шимолии Экспедицияи археологии Тоҷикистон соли 1963 қисман таҳқиқ карданд. Масоҳати Сомғор 110×115 м аст. Дар қисми шимолӣ шаҳристон, дар қисми ҷанубӣ куҳандизи Сомғор ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи ҳафриёт панҷ қабати маскун кашф гардид. Қадимтарин қабати маскун ба асрҳои 3 то мелод— асри 4 м. мансуб буда, ҳамчун қасабаи беистеҳком пайдо шудааст. Аввалин сокинони Сомғор шояд сакоиҳое буданд, ки аз ин баъзе бозёфтҳои хоси бодиянишинон — мустахараҳо (кӯзаҳои як паҳлуяшон ҳамвор барои об), дастаи дӯлчаҳо, ки дар рӯяшон шакли ҳар гуна ҳайгвонҳоро доранд ва ғайра шаҳодат медиҳанд. Қабати дуюми маскуни Сомғор ба асрҳои 5—8 мансуб аст. Дар ин замон куҳандиз ва шаҳристон бо девори умумӣ мустаҳкам шудааст, ки ғафсии он дар атрофи шаҳристон то ба 2м, дар атрофи куҳандиз ба 5 м, баландиаш то ба 10 м мерасад. Байни шаҳристон ва куҳандиз низ девор ва дарвоза ҷой дошт. Барои сохтани шаҳр теппаи табиӣ ҳамчун бунёд истифода шудааст: бунёди табиии шаҳристон аз сатҳи атроф 2—3 м ва куҳандиз то 10 м баландӣ дошт. Деворҳо дорои бурҷҳои сершумор буданд. Девору бурҷҳо похсагианд. Шаҳр дар миёнаҷои деворҳои ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ду дарвоза дошт. Аз ин қабат асосан зарфҳои сафолини нафису зебо ёфт шуданд. Қабати сеюми маскуни Сомғор ба асрҳои 9—12 тааллуқ дорад, ки зарфҳои сафолии сирдору бесири ба даст омада аз ин шаҳодат медиҳанд. Бино ба маълумоти географҳои арабизабон, дар ин асрҳо Сомғор яке аз маҳалҳои калони аҳолинишини вилояти Хуҷанд будааст. Аз рӯи маълумоти археологӣ чаҳорумин қабати маскун мансуби асрҳои 13—14 аст.

Охирин қабати маскуни Сомғор мутаадлиқи асрҳои 18—19 будааст. Дар ин давра Сомғор ба қалъаи мустаҳкаме табдил бфтааст. Истоҳкомҳои он хуб таъмир шудаанд, деворҳо тиркашҳо, кунгура ва аз тарафи дохилӣ «мергандав»-ҳо доштаанд, аз ду тарафи дарвозаи шимолӣ ду бурҷ ё ҷевахонаи мустаҳкам илова шудааст. Қалъаи Сомғор аз чашмаи сероби дар ҳудуди шаҳристон ва чоҳи дар ҳудуди куҳандиз буда бо об таъмин мешудааст.

Адабиёт: Негматов Н. Н., Сомгар (к истории целинного Сомгарского массива). Дар китоби: Материальная культура Таджикистана, выпуск 1, Душанбе, 1968. Р. Пӯлодов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …