Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИМЕНОН Жорж

СИМЕНОН Жорж

СИМЕНОН Жорж (таваллудаш 13. 2. 1903, Леж, Белгия), нависандаи франсавӣ. Аз соли 1951 аъзои Академияи подшоҳии забон ва адабиёти франсавӣ (Брюссел). Аз оилаи хизматчӣ. Асарҳояш аз соли 1919 чоп мешаванд. Романи «Питер-латыш» (1931) сарахбори силсилаи романҳои детективии машҳури Сименон дар бораи комиссари полисия Мегрэ мебошад («Саёҳати Мегрэ», 1958; «Мегрэ ва оворагард», 1963 ва ғайра). Дар ин романҳо Сименон бештар ба таҳқиқи характери одамон ва сабабҳои рӯй додани ҷиноят диққат кардааст. Романҳои иҷтимоию психологии Сименон «Чаҳор рӯзи ҳаёти камбағал» (1949), «Президент» (1958), «Зиндон» (1968) ва ғайра аз тақдири фоҷиавии одамон дар ҷамъияти буржуазӣ, танҳоӣ ва талоши ҷовкоҳонаи онҳо барои халосӣ аз ин гирдоб ҳикоят мекунанд. Дар романҳои ӯ мустамликадорӣ ва низои миллӣ («Шӯълаи моҳ», 1933; «Маҳаллаи зангиҳо», 1935), таълимоти фашистӣ ва таъсири он ба ҷавонон («Касофати барф», 1948) ва ғайра маҳкум шудааст. Китобҳои ёддоштии «Аз хотироти ман» (1945), «Нажод» (1948) ва «Нома ба модарам» (1974), очерки инкишофи роман («Роман ва инсон», 1959) низ ба қалами Сименон тааллуқ доранд. Шумораи романҳои Сименон аз 200 зиёдтар аст. Солҳои  охир асарҳои тарҷумаиҳолӣ менависад.

 Осорҳо:  Желтый пес… (Романы), Москва, 1960; Первое дело Мегрэ… Москва, 1968.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …