Маълумоти охирин

СИМ

СИМ, маснуоти металлии дарозу борикест, ки буришаш одатан мудаввар, баъзан чорқирра, шашқирра, секунҷаю байзашакл ва ғайра мешавад. Симро дар дастгоҳҳои прокату симкашӣ ва пӯлод, алюминий, мис, никел, титан, рӯҳ ва хӯлаҳои онҳо, инчунин аз металлҳои душворгудоз ва асил тайёр мекунанд. Буриши  Симҳо аз 0,005 то 17 мм мешавад. Симро барои тайёр кардани сими электр, симтаноб, симтӯр, мех, пружина, пармаҳои борик, термопараҳо, электродҳо, ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …