Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИДДИҚӢ Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ

СИДДИҚӢ Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ

СИДДИҚӢ Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ (соли таваллудаш номаълум, Бухоро —вафоташ 1527, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Сиддтқӣ ва Ҳошимӣ шеър гуфтааст. Бештар бо Хоҷа Ҳошими шӯҳрат дорад. Дар зодгоҳаш таҳсил ва эҷод кардааст. Тазкиранависон ба эҷодиёти Сиддиқӣ баҳои баланд додаанд. Восифӣ хабор медиҳад, ки хонаи Сиддиқӣ ҷои ҷамъомади аҳли фазлу камол буд, бархе аз шоирони Бухоро ҳар рӯз ба манзили ӯ меомаданд ва ҳар рӯз Сиддиқӣ байте ë ғазалеро ба миён гузошта, аз онҳо ҷавоб дархост мекард ва шеъргӯию баҳсу мунозира ривоҷ мегирифт. Аксар ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Котибӣ ва Восифӣ мавриди суолу ҷавоби аҳли маҷлис мешудаанд. Ин кори хайри Сиддиқӣ завқу табъи шоиронро хеле равнақ додааст. Аа ҷумла, бисёр шеърҳои ҷавобияи Восифӣ дар чунин ҷамъомадҳо ба миëн омадаанд. Сиддиқӣ ва Ҷомӣ бо ҳам дӯстӣ ва мукотиба доштаанд. Сиддиқӣ шоири ғазалсаро ва матлаъгӯш бомаҳорат буд.

У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …