Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШУМГИЁҲИҲО

ШУМГИЁҲИҲО

ШУМГИЁҲИҲО (Orobanchaceae), оилаи гиёҳҳои яксола ё бисьёрсолаеро гуянд, ки дар решаи растаниҳои дигар паразитӣ мекунанд. Пояи бешох, баъзан шохчадор, барги пулакчамонанд (одатан бехлорофилл) доранд. Решаи онҳо дар ҷараёни таҳаввулот ба танобча (гаустория) табдил ёфтааст. Танобчаи Ш. аз бофтаи бехи растаниҳои дигар моддаҳои ғизоиро меҷаббад. Гули дуҷинсаи гуногунранг, ғузаи сертухм (тухми хеле майдаи мудаввар ё дарозрӯя) доранд.

shumgiyohiho

Дар дунё 13 ҷинс (тақр. 160 намуд)-и Ш. асосан дар Нимкураи шимолӣ (аксар дар ноҳияҳои субтропикӣ ва иқламашон муътадил) меруянд. Дар СССР 6 ҷинс (94 намуд)-и Ш. маъмуланд. Махсусан ҷинси шумгиёҳ сернамуд (беш аз 80) аст. Дар республикаи мо 25 намуди Ш. (аз ҷинсҳои Cistanchе ва Оробенс) месабзанд. Шумгиёҳ (беш аз 20 намуд) ба полиз (харбуза, тарбуз, бодиринг ва ғ.), сабзавот (помидор, боимҷон ва ғ.), растаниҳои техникӣ (офтобпараст, тамоку) ва зироати хуроки чорво (юнучқа, себарга ва ғ.), инчунин ба бисьёр гиёҳу буттаҳо зарар мерасонад.

Ад.: Флоре СССР, т. 23, М.—Л., 1958:  Тахтаджян А. Л., Система и филогения цветковых растений, М.—Л..1966

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …