Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОҲГАВАЗН

ШОҲГАВАЗН

ШОҲГАВАЗН (Aices alcesj) як навъ ҳайвони ҷуфтсуми ширхӯрро гӯянд. Ш. калонтарин гавази мебошад. Дарозии бадани Ш.-и нар то 3 м, баландиаш (то сари дуи) то 2,3 м, вазнаш то 570 кг. Пойҳои Ш. дарозанд, сумҳояш борики нугтез. Думаш кутоҳ. Шохи Ш.-и нар белшакл аст; модинааш бешох. Бештар дар бешазори Европа ва Осиё зиндагӣ мекунад; дар бешатундра, бешадашт ва дашт низ маскун шудааст. Ш. шохаву навда ва пустлохи буттаву дарахтон ва алаф мехурад. Ш.-ҳо танҳо-танҳо ё гала-гала (5—8, баъзан то 20-сарӣ) мегарданд. Моҳҳои сент.— окт. ҷуфт мешаванд; май —июнь бача (1—2-то) мезоянд.

shohgavazn

Ш. ҳайвони пурқимат аст; гушташро мехуранд ва аз пусташ чарми пурдошт тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …