Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОҲБАРЗАГОВ

ШОҲБАРЗАГОВ

ШОҲБАРЗАГОВ, як навь ҳайвони ширхори жовандаи ҷуфтсумро гуянд, ки зоҳиран ба барзагов монанд аст. Ш. калонҷусса буда, гардан ва пойҳои кутоҳи мустаҳкам ва каллаи калон дорад. Пусти гардани Ш.-и нар овезон ва чиндор, думаш дарози нугаш серпашм, шохаш сеқирра, муи баданаш кутоҳ ва тунук аст. Муи Ш.-и пир қариб пурра мерезад. Ш.и ваҳшӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Африка (дар ҷанубтари Саҳрои Кабир) вомехурад. Ш. ҳайвони алафхор аст. Давраи ҳамли говмеш (Ш.-и мода) тақр. 12 моҳ давом меёбад; якто бача мезояд. 4 намуди Ш. (филиппинӣ, африкоӣ, аноа ва ҳиндӣ) маълум.

shohbarzagov

Дар СССР Ш.-и ҳиндиро, ки говмеш ҳам мегуянд, асосан дар Озарбойҷон, Гурҷистон,

Арманистон ва Кавкази Шимолӣ мепарваранд. Маҳсулоти говмеш асосан шир мебошад. Дар фермаҳои колхозу совхозҳо говмеш соле 1400—1600 кг (баъзан то 3500 кг) шир медиҳад; равғаннокии шираш 8—83%. Аз шири он равған, панир ва ғ. тайёр мекунанд. Гушти Ш.-ро истеъмол мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …