Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мори ШИБО

Мори ШИБО

ШИБО, морҳои шибо (Viperi-dae), як навъ мори заҳрдорест; аз руи таснифи илмӣ як оилаи морҳои заҳрдорро низ гуянд. Устухони ҷоғи болои морҳои шибо кутоҳ ва ҳаракатнок буда, дар охиращш як ё ду дандони калони найчашакл дорад, ки ба ғадудҳои заҳрбарор пайваст аст. Ш. 10 ҷинс дорад, ки қариб 60 намудро муттаҳид мекунад. Дар Европа, Осиё ва Африка (ғайр аз Мадагаскар) паҳн шудааст. Морҳои шибо аз замони миоцени давраи неоген маълуманд. Аксари онҳо дар руи замин зиндагӣ мекунанд. Ш. ҳангоми таҳдиди хатар ҳалқа гашта, фашшоси баланд мезанад. Ғизои морҳои  шибо ҳайвоноти муҳрадори хурд аст; баъзеашон ҳашарот мехуранд. Онҳо асосан тухмзиндазоанд.

shibo

Ҷинси худи шибо (Vipera) 11 намудро дар бар мегирад, ки аз он 6 намудаш дар СССР маскун аст. Ш.-и муқаррарӣ (V. berus) то 75 см дарозӣ дошта, хокистарранг ё буртоб мешавад; тахтапушташ рахи каҷу килеби сиёҳча дорад. Дар минтақаи бешазори Европа ва Осиё (аз нимҷаз. Пиреней то Сахалин) паҳн шудааст. Ғизояш хояндаҳои хурд, қурбоқа ва баъзан калтакалос мебошад. Мори ҷаъфарӣ (V. ursini ва V. raddei) нисбатан хурд аст. Taxтапушти Ш.и кавказӣ (V. kazna-kovi) сурхи норинҷӣ буда, рахи сиёҳи каҷу килеб дорад. Ш.-и шохдор (V. ammodytes) дар нимҷаз. Балкан. Осиёи Хурд ва Закавказия паҳн шудааст. Гурза асосан дар Африкаи Шимолӣ, Закавказия ва ноҳияҳои ҷан. Осиёи Миёна дида мешавад.

Заҳри Ш. асосан ба хун таъсир карда, боиси марги одам ва ҳайвонҳои калон шуданаш мумкин. Заҳри Ш.-ро дар тиб истифода мебаранд.

Ниг. низ Морҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …