Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАКАРПАЛАК

ШАКАРПАЛАК

ШАКАРПАЛАК, як навъ харбузаи маҳаллист. Хелҳои сафед ва сурх (ниг. расм) дорад. Шаклаш лунда ё дарозруя (25—32 см), вазнаш 2—4 кг. Пусташ суфтаи тўр-тўр, нақшҳои чигарӣ дорад. Рангаш сабз ё зарди сабзтоб, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—14% қанд (4—10% сахароза) дорад. Баъди 75—90 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 200—250 ц, баъзан то 300 ц ҳосил меғундоранд. Дар раёҳои вил. Ленинободи РСС Тоҷикистон, вил-ҳои Андиҷон, Фарғона ва Тошкенти РСС Узб. маъмул аст.

xarbuza

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …