Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-ФРАНСИСКО

Шаҳри САН-ФРАНСИСКО

САН-ФРАНСИСКО , шаҳрест дар соҳили уқёнуси Ороми Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар штати Калифорния. Маркази муҳими нақлиёт, тиҷорат, саноат, молия ва маданияти мамлакат. Дар нимҷазираи камбару сертеппаи байни уқёнуси Ором ва халиҷи Сан-Франсиско воқеъ аст. Аҳолиаш 674 ҳазор нафар (1980), бо атрофаш 3,1 миллион нафар). Сан- Фрасиско калонтарин бандари Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳили уқёнуси Ором, узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссеи трансконтинентӣ аст. 3 аэропорт дорад. Соҳаҳои муҳими саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл (киштисозӣ, аз ҷумла киштиҳои ҳарбӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ ва ғайра), хӯрокворӣ, коркарди нефт, химия, полиграфӣ, металлургияи сиёҳ. Дар ин ҷо правленияи 5 банки калонтарини Штатҳои Муттаҳидаи Америка, базаи ҳарбии баҳрии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, верфҳои таъмири киштиҳои ҳарбии баҳрӣ ва дар Аламеда базаи ҳавоии авиасияв баҳрӣ воқеъ гаштаанд.

Different Perspectives of SF
Дар Сан-Франсиско маркази тиббии Университети Калифорния, Университети Сан-Франсиско, Университети «Голден-Гейт” («Дарвозаи Тилло»), консерватория ва дигар мактабҳои олӣ, Академияи Фанҳои Калифорния, Институти тадқиқоти илмии тиббӣ, китобхонаҳои калонтарин, музейҳо мавҷуданд.
Соли 1776 дар ҷои ҳозираи Сан-Франсиско, деҳаи тиҷоратии испанҳо ба вуҷуд омад, ки он дертар Йерба Буэна ном гирифт. Соли 1846 дар рафти ҷанги Испанияю Америка (1846—1948) Йерба-Буэнаро қӯшунҳои америкоӣ ишғол намуданд; аз соли 1847 Сан-Франсиско ном), гирифт. Шаҳр пас аз зилзилаи соли 1906 қариб тамоман аз нав сохта шуд. Биноҳои мӯҳташами осмонбӯс — Маркази ҷамъият (1910—1920), Қасри саноеи нафиса (1915), госпитали Маймонид (1946), «Банки Америка», «Трансамерика корпорейшен”, «Бинои байналхалқӣ», меҳмонхонаи «Холидей-инн» (1955—70), иншоотҳои муҳими инженерӣ — кӯпрукҳои Сан-Франсиско — Окленд (1936, тӯлаш қариб 13 километр), «Дарвозаи Тилло* (1937, тӯлаш 1280 метр) ба вуҷуд ома- данд. Сан-Франсиско маркази калони ҳаракати коргарист. Соли 1945 дар ин ҷо конференсияи байналхалқӣ шуда гузашт, ки дар он Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида (ТДМ) таъсис ёфт. Сан-Франсиско маркази калони туризм буда, ба ин ҷо соле беш аз 1,6 миллион сайёҳон меоянд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …