Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СЕНТ-ВИНСЕНТ ВА ГРЕНАДИНА

СЕНТ-ВИНСЕНТ ВА ГРЕНАДИНА

СЕНТВИНСЕНТ ВА ГРЕНАДИНА давлатест дар ҷазираҳои Сент-Винсент ва Гренадинаи баҳри Кариб. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 389 км2. Аҳолиаш 134 ҳазор нафар (1984); асосан зангӣ ва дурагаҳо. Забони расмӣ— англисӣ. Диндорон асосан ба масеҳия эътиқод доранд. Пойтахт ва бандари асосиаш Кингстаун. Сардори давлат — маликаи Англия, аз номи ӯ губернатор ҳукмролӣ мекунад. Органи қонунбарор—парламенти якпалатагӣ — Палатаи маҷлис. Ҷазираи Сент – Винсентро соли 1498 X. Колумб кашф карда буд. Франсузҳо ва англисҳо ҳукмронӣ кардаанд. Аз соли 1763 Сент – Винсент ва Гренадина— мустамликаи Британияи Кабир. Солҳои 1958—1962 дар ҳайати федератсияи Вест – Индия. Аз октябри 1979 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Асоси иқтисодиёташ хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ ба туристҳо (77,1 ҳазор нафар, соли 1982). Зироати асосӣ — банан (2,5 ҳазор тонна, 1981), норчил ва нағзак. Парвариши чормағзи бӯё, какав, мева ва ғайра низ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои  хоҷагии қишлоқ аррорут (орди оҳар) ва ғайра истеҳсол мекунанд. Гов (8 ҳазор), хук (6 ҳазор), гӯсфанд (13 ҳазор), буз (4 ҳазор) мепарваранд (1981). Тӯли роҳҳои автамобилгарӣ —1019 км. Ба хориҷа банан ва аррорут бароварда, аз хориҷа молҳои сермасриф, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, таҷҳизот мегирад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Британияи Кабир, мамлакатҳои соҳили баҳри Кариб, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико. Воҳиди пул — доллари Кариби Шарқӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …