Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕМАШКО Николай Александрович

СЕМАШКО Николай Александрович

СЕМАШКО Николай Александрович (20. 09. 1874, деҳаи Ливени уезди Елеци губернияи Орлов—18. 05. 1949, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке аз ташкилотчиёни нигаҳдррни тандурустии советӣ, академики Академияи Илмҳои Тоҷикистон СССР (1944) ва АФП Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (1945). Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1893. Соли 1891 ба факултети тиббии Университети Москва дохил шуд; аз 1893 аъзои кружоки марксистӣ. Соли 1895 барои иштирок дар ҳаракати револютсионӣ ҳабс шуда, зери назорати полисия ба ватанаш бадарға мешавад. Соли 1901 факултети тиббии Университети Қазонро хатм намуда, дар губернияҳои Орлов ва Самара духтур шуда кор мекунад. Аз 1904 дар Комитети РСДРП-и Нижегород кор кард; ҳангоми воқеаҳои револютсияи 1905 ҳамчун ташкилотчиёни корпартоии заводи Сормово аз нав ҳабс шуд. Соли 1906 ба Швейтсария (Женева) ҳиҷрат намуда, дар он ҷо аввалин бор бо В. И. Ленин вохӯрд. Августи 1907 аз тарафи ташкилоти болшевикони Женева вакили конгресси Штутгартии Интернатсионали 2-юм буд. Соли 1908 ҳамроҳи Маркази хориҷии болшевикӣ ба Париж кӯчид, ки дар он ҷо то 1910 котиби бюрои хориҷии Комитети Марказии  РСДРП буд; дар кори Мактаби партиявии Лонжюмо (1911) фаъолона иштирок кард. Соли 1913 дар ҳаракати сотсиал – демократ Сербия ва Булғория иштирок намуд. Вакили Съезди 6-уми РСДРП (б) (1917). Дар тайёр намудани шӯриши мусаллаҳи октябрии Москва иштирок кард. Нахустин комиссари халқии нигаҳдории тандурустии Республикаи Советӣ Федеративӣ Сотсиалистии Россия (1918—1930), профессор мудири кафедраи гигиенаи иҷтимоии факултети тиббии Университети давлатии Москва (аз 1921—1949). Сармуҳаррири Энсиклопедияи калони тиб (1927—1936). Асарҳои асосиаш ба соҳаи гигиенаи иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ оиданд. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …