Маълумоти охирин

СЕҲР

СЕҲР (арабӣ— афсун), магия, як навъ расму оини қадимии халқист, сонитар сирату сурати дилӣ гирифтааст. Бино ба эътиқоди одами бостонӣ баъзе касон (соҳирон, афсунгарон) қобилияти фавқуттабиие доранд, ки одамон ва ҳодисаҳои табиатро таҳти нуфузи худ қарор диҳанд. Дар байни халқҳои ҷаҳон шустушӯи маросимӣ, ба бадан молидани равғани муқаддас, овехтани тӯмор ва ғайра маълуманд. Маросимҳои сеҳромез ҳангоми киштукор, шудгор, ҳосилғундорӣ, барои дар шикор ё ҷанг ба комёбӣ муваффақ шудан, барои борк ба амал овардан ва ғайра баргузор мегардиданд. Навъҳои мухталифи Сеҳр вобаста ба шароитҳои конкретии фаъолияти одам пайдо шудаанд. Масалан, азонхонӣ, зиёрати чашмаҳои «муқаддас», тӯмор ва ғайра дар ислом навъи Сеҳр аст. Нигаред низ Ҷоду.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …