Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕБАРГА

СЕБАРГА

  СЕБАРГА (Тrifolium), ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёҳо. Пояаш рост, хамида ё хазанда (аз бандҳояш ба монанди аҷириқ реша меронад). Баргаш себарга (аз 3 баргча иборат) ё пармонанд. Гулаш сафед, сурх ё арғувонӣ ва зард; хӯшагулаш мудаввар, сарак ё чатрмонанд. Ғилофакаш 1—2 ё 3— 5-тухма.

Себарга гиёҳи витаминдор ва доруист. Гулаш сершаҳд; 15 —30 гектар себаргазор 160—120 оилаи занбӯри асалро аз  шаҳди гул таъмин карда метавонад. Дар шароити хуб аз 1 гектар себаргазор занбӯрпарварон аз 160 то 260 кг асали тоза мегиранд. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргу гули Себаргаи сурхро давои табларза, сулфа, фишори хун, иллаш меъдаву рӯда ва  хунбанд меҳисобанд. Омӯзиши фармакологӣ нишон дод, ки қиёми Себаргаи сурхро чун давои зардпарвинин, иллати пешобдон ва хунбанду балғамро истифода бурдан мумкин аст.

Себарга (алалхусус шабдар — Т. resupinatum, Себаргаи боғӣ — Т. hubrida, Себаргаии сурх — Т. pratens яке аз беҳтарин растаниҳои хӯрокии чорвост. Себарга ба монанди юнучқа хеле серғизост. Баргу пояаш 1,28—5,2% равған, 16,5—27% протеин, 9—20% сафеда, 50—70 мг% (дар баргаш то 150 мг%) витамини С ва 5,5—50 мг% каротин (провитамини А) дорад. 100 кг хошоки Себарга 9,3—17,3 кг протеини ҳозим дорад ва 75,9—80,8 воҳиди хӯрокист.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …