Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СЕНТ-ЛЮСИЯ

СЕНТ-ЛЮСИЯ

СЕНТЛЮСИЯ (Saint Lucia), давлатест дар ҷазираи Сент – Люсия, дар баҳри Кариб, дар қисми ҷануби шарқи галаҷазираи Антили Хурд. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 616 км2. Аҳолиаш 125 ҳазор нафар (1984), асосан зангиҳо ва дурагаҳо. Забони расмӣ — англисӣ. Дини ҳукмрон — масеҳия. Пойтахт ва бандари асосиаш Кастри (54 ҳазор нафар, 1982). Сардори давлат — маликаи Англия, намояндаи ӯ генерал – губернатор. Органи қонунбарор — Палатаи маҷлисҳо. Соли 1605 ҷазира мустамликаи европоиён шуд, аз соли 1814 мулки Британияи Кабир, аз соли 1979 давлати мустақил аст.

Асоси иқтисодиёт — хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ ба туристҳо (105,3 ҳазор нафар дар 1982). Зироати муҳими хоҷагии қишлоқ— банан, норҷил (35 ҳазор дона мағзи норҷил), нағзак, какав, растаниҳои цитрусӣ, найшакар. Гов, гӯсфанд мепарваранд. Коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ривоҷ ёфтааст. Тӯли роҳи оҳан—800 км. Ба хориҷа банан, копра, равғани норҷил, какав, меваҳои ситрусӣ, ром мебарорад. Шарикони тиҷоратии Сент -Люсия Британияи Кабир, мамлакатҳои соҳили баҳри Кариб Штатҳои Муттаҳидаи Амрико. Воҳиди пул — доллари карибӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …