Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САҲМИИ БУХОРОӢ

САҲМИИ БУХОРОӢ

САҲМИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Саҳмии Бухороӣ дар зодгоҳаш тамоми илмҳои расмии замонро фаро гирифт ва дар байни аҳли адаб шӯҳрат ёфта буд. Аммо аз сахтиҳои зиндагӣ ва беқадрии фазлу хирад ба дод омада, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардааст. Эҷодиёти Саҳмии Бухороӣ дар доираҳои адабии Ҳинд равнақ гирифт ва ӯ сазовори эҳтиром гардид. Саҳмии Бухороӣ асосан шоири ғазалсарост. Дар ғазалиёти ӯ танқиди зӯҳди риёӣ, шайхонии хушкмизоҷ афкори риндию озодиҷуӣ мақоми баланд дорад.                                                                                У. Каримов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …