Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИЗОИ САБЗВОРӢ Амир Шарафуддин

РИЗОИ САБЗВОРӢ Амир Шарафуддин

РИЗОИ САБЗВОРӢ Амир Шарафуддин (соли таваллуд номаълум —- вафот 1452), шоири форс-тоҷик. Ризои Сабзворӣ вазирзода буд; илмҳои : расмии замонро ба хубӣ аз худ кардааст. Пас аз касби камол худаш низ яке аз маъмурони шаҳри Сабзвор гардид. Ба қавли тазкиранависон Ризои Сабзворӣ девони ғазалиёт тасниф карда буд. Дар сурудани қасоид маҳорати комил доштааст. Девони Ризои Сабзворӣ ҳоло дастрас нест. Абёти пароканда, матлаъҳои ғазалиёти ӯ, ки бештар мазмуни ишқӣ доранд, дар тазкираву баёзҳо дучор меша- ванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …