Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Рила-Плапина

Рила-Плапина

РИЛА. Рила-Плапина, баландтарин массиви куҳии нимҷазираи Балкан, дар ҷануби ғарби Булғория. Баландиаш то 2925 метр (кӯҳи Мусала). Асосан аз ҷинсҳои қадимаи кристаллӣ ва метаморфӣ таркиб ёфтааст. Аз Рила дарёҳои Искир, Мариса, Места ибтидо меёбанд. Дар баландиҳои 2100—2500 метр кулҳо бисёранд.

64627073

Дар нишебиҳои Рила бешаҳои дарахтони булут, шамшод ва сӯзанбарг, дар баландиҳои зиёда аз 2000 —2100 метр марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ воқеъ гаштаанд. Дар ин ҷо саноати чӯбу тахта ва чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Чашмаҳои минералӣ, курортҳо мавҷуданд. Рила макони туризм, алпипизм ва лижатозист. Дар қисми ҷануби ғарбиаш дайри Рила (ҳоло музей) ҳаст, ки онро дар асри 10 Иван Рилский сохтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …