Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ДЕМОКРАТИЮ ХАЛҚӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ ДЕМОКРАТИЮ ХАЛҚӢ

rd-xalki

РЕВОЛЮТСИЯИ  ДЕМОКРАТИЮ ХАЛҚӢ, револютсияи зиддиимпериалистӣ ва зиддифеодалиест, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939— 45) ва баъди он дар шароити кризиси умумии капитализм дар як қатор мамлакатҳои Европа ва Осиё ба вуқӯъ пайваст. Сабаби асосии рӯй додани Револютсияи  демократию халқӣ дар солҳои 40 асри 20 дар мамлакатҳои Европаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ин аст, ки онҳо ба ниммустамликаи империализми хориҷии Германияю Италия ва Япония табдил ёфта буданд. Ин вазъият дар назди халқҳои мамлакатҳои мазкур вазифаҳои умумии муборизаи револютсионӣ ба муқобили  фашизм, барои истиқлолияту демокра-тияи миллиро гузошт. Онҳо дар атрофи синфи коргар ва партияи коммунистии он муттаҳид шуда, қувваҳои реаксиониро танҳо гузоштанд ва фронти зиддифашистию зидди-империалистӣ барпо карданд.

Дар шароити торумор шудани фашизми Германияю Италия ва миллитаризми Япония ва дар натиҷач аз тарафи Армияи Советӣ озод карда шудани як қатор мамлакатҳои Европа ва Осиё дар арсаи байналхалқӣ ва дар дохили ин мамлакатҳо барои ғалабаи Револютсияи  демократию халқӣ  вазъияти мувофиқ фароҳам омад. Мамлакатҳое, ки дар асорати фашизм буданд, аз ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯҳбаланд гардида, ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ, буржуазияи маҳаллӣ ва помешикон бархостанд. Дар рафти мубориза коалисияи калони қувваҳои синфӣ ба вуҷуд омад, ки ба фаъолияти он қувваҳои дохилии револютсионию демократӣ ва коммунистон сардорӣ карда, дар мамлакатҳои худ яке аз шаклҳои нави сохти сиёсии ҷамъият — сохти демократияи халқиро барпо намуданд.

Шароити объективӣ, қувваи ҳаракатдиҳанда, характери синфии ҳокимияти барпошуда, ҳамчунин дигаргунсозиҳон иҷтимоию иқтисодии Револютсияи  демократию халқӣ  ба револютсияи сотсиалистӣ монанд набуда, зимнан он аз револютсияи буржуазию демократӣ низ фарқ дорад.

Агар асоси иқтисодии револютсияҳои буржуазию демократиро зиддияти байни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои феодалии (нимфеодалии) истеҳсолӣ ва асоси револютсияи сотсиалистиро зиддияти инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии кӯҳнашудаи капиталистӣ ташкил диҳад, пас асоси Револютсияи  демократию халқиро дар мамлакатҳои Европаю Осиё, аз як тараф, зиддияти байни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои қӯҳнаи феодалии (нимфеодалии) истеҳсолӣ (ин зиддият барои баъзе мамлакатҳо, ба мисли Чехословакия, аҳамияти ҷиддӣ надошт) ва аз тарафи дигар, зиддияти байни манфиатҳои тараққиёти миллии иқтисодӣ ва фишори капитали хориҷию маҳаллии бо он алоқаманд ташкил медод. Аз ин рӯ, барои барҳам задани боқимондаҳои тар-тиботи феодалию крепостной муборизаи револютсионӣ ба муқобили импернализм ва торумор намудани фашизм лозим буд. Маҳз аз ҳамин сабаб Револютсияи  демократию халқӣ  ҳам моҳияти зиддифео-далӣ (буржуазӣ) ва ҳам зиддиимпериалистӣ, зиддифашистӣ, озодихоҳии миллӣ ва демократӣ дорад.

Хусусияти фарқкунандаи Револютсияи  демократию халқӣ нисбат ба дигар револютсияҳо ин аст, ки қувваҳои ҳаракатдиҳандаи он фронти васеи пролетариату деҳқонон, буржуазияи майда ва дигар табақаҳои синфӣ (ба мисли буржуазияи миёна ва миллӣ) мебошад. Фарқияти куллии Револютсияи  демократию халқӣ  бошад, дар ҳокимияти давлатии барпошаванда — диктатураи револютсионию демократии синфҳои револютсионӣ бо сардории пролетариат ифода меёбад, ки вазифаи асосии он дар амал ҷорӣ намудани дигаргуниҳои демократист. Дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии мазкур ба манфи-ати аксарияти аҳолӣ оа амал омада, органҳои ҳокимияти давлатӣ дар чунин мамлакатҳо аз фронти миллӣ дар Чехословакия, блоки де-мократӣ дар Полша, фронти миллии демократӣ дар Руминия ва ғайра ташкил ёфта, ба ҳайати онҳо баробари пролетариату деҳқонон ва буржуазияи майда намояндагони буржуазия низ дохил мешаванд. Ҳокимияти халқии дар натиҷаи Револютсияи  демократию халқӣ барпошаванда бо ҳусусиятҳои синфиаш аз диктатураи пролетариат фарқ мекунад. Вале пешоҳангии пролетариат бо сардории партияи марксистӣ-ленинӣ дар чунин ҳокимияти демоқратӣ аз пайдоиши нишонаҳои диктатураи пролетариат шаҳодат медиҳад. Барои ташаккулёбии минбаъдаи он бояд ҳокимияти давлатиро аз унсурони истисморкунанда ва мухолифони дигаргунсозиҳои дарпешистодаи демократию сотсиалистӣ тоза намуда, ҳокимиятро ба ҳалли масъалаҳои сотсиалистӣ сафарбар кардан лозим аст.

Мақсади асосии Револютсияи  демократию халқӣ  барпо на-мудани чунин сохти нави демократиест, ки барои бо роҳи револютсионӣ ба сотсиализм гузаштан шароит фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, Револютсияи  демократию халқӣ  моҳиятан вазифаи револютсияи буржуазӣ-демократиро иҷро карда, дар айни ҳол уклади типи сотсиалистӣ ва давлати нави халқиро бо роҳбарии пролетариат ба вуҷуд меоварад ва вазифаю шаклҳои инкишофи револютсияи сотсиалистиро тағйир дода, роҳи осоиштаи гузаштан ба сотсиализмро мекушояд.

Адабиёт: Л е н и н Владимири Илич, Ду тактикаи сотсиал-демократия дар револютсияи демократӣ, Асарҳо, ҷилди 9; Программаи Коммунистеческая Партия Советского Союза, Душанбе, 1970; Материалҳои съезди 26 Коммунистеческая Партия Советского Союза КПСС, Душанбе, 1981; Программные документы борьбы за мир, демократию и социализм, Москва, 1981: Что такое народная демократия, Москва, 1958.         И. Салоҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …