Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ДЕМОКРАТИЮ ХАЛКИ

РЕВОЛЮТСИЯИ ДЕМОКРАТИЮ ХАЛКИ

rd-xalki

РЕВОЛЮТСИЯИ  ДЕМОКРАТИЮ ХАЛКИ, револютсияи зиддиимпериалисти ва зиддифеодалиест, ки дар давраи Чанги дуюми чахони (1939— 45) ва баъди он дар шароити кризиси умумии капитализм дар як катор мамлакатхои Европа ва Осиё ба вукуъ пайваст. Сабаби асосии руй додани Револютсияи  демократию халки дар солхои 40 асри 20 дар мамлакатхои Европаи Маркази ва Чануби ин аст, ки онхо ба ниммустамликаи империализми хоричии Германияю Италия ва Япония табдил ёфта буданд. Ин вазъият дар назди халкхои мамлакатхои мазкур вазифахои умумии муборизаи револютсиони ба мукобили  фашизм, барои истиклолияту демокра-тияи миллиро гузошт. Онхо дар атрофи синфи коргар ва партияи коммунистии он муттахид шуда, куввахои реаксиониро танхо гузоштанд ва фронти зиддифашистию зидди-империалисти барпо карданд.

Дар шароити торумор шудани фашизми Германияю Италия ва миллитаризми Япония ва дар натичач аз тарафи Армияи Совети озод карда шудани як катор мамлакатхои Европа ва Осиё дар арсаи байналхалки ва дар дохили ин мамлакатхо барои галабаи Револютсияи  демократию халки  вазъияти мувофик фарохам омад. Мамлакатхое, ки дар асорати фашизм буданд, аз галабаи халки совети дар Чанги Бузурги Ватани рухбаланд гардида, ба муборизаи зидди истилогарони фашисти, буржуазияи махалли ва помешикон бархостанд. Дар рафти мубориза коалисияи калони куввахои синфи ба вучуд омад, ки ба фаъолияти он куввахои дохилии револютсионию демократи ва коммунистон сардори карда, дар мамлакатхои худ яке аз шаклхои нави сохти сиёсии чамъият — сохти демократияи халкиро барпо намуданд.

Шароити объективи, кувваи харакатдиханда, характери синфии хокимияти барпошуда, хамчунин дигаргунсозихон ичтимоию иктисодии Револютсияи  демократию халки  ба револютсияи сотсиалисти монанд набуда, зимнан он аз револютсияи буржуазию демократи низ фарк дорад.

Агар асоси иктисодии револютсияхои буржуазию демократиро зиддияти байни инкишофи куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои феодалии (нимфеодалии) истехсоли ва асоси револютсияи сотсиалистиро зиддияти инкишофи куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсолии кухнашудаи капиталисти ташкил дихад, пас асоси Револютсияи  демократию халкиро дар мамлакатхои Европаю Осиё, аз як тараф, зиддияти байни инкишофи куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои кухнаи феодалии (нимфеодалии) истехсоли (ин зиддият барои баъзе мамлакатхо, ба мисли Чехословакия, ахамияти чидди надошт) ва аз тарафи дигар, зиддияти байни манфиатхои тараккиёти миллии иктисоди ва фишори капитали хоричию махаллии бо он алокаманд ташкил медод. Аз ин ру, барои бархам задани бокимондахои тар-тиботи феодалию крепостной муборизаи револютсиони ба мукобили импернализм ва торумор намудани фашизм лозим буд. Махз аз хамин сабаб Револютсияи  демократию халки  хам мохияти зиддифео-дали (буржуази) ва хам зиддиимпериалисти, зиддифашисти, озодихохии милли ва демократи дорад.

Хусусияти фарккунандаи Револютсияи  демократию халки нисбат ба дигар револютсияхо ин аст, ки куввахои харакатдихандаи он фронти васеи пролетариату дехконон, буржуазияи майда ва дигар табакахои синфи (ба мисли буржуазияи миёна ва милли) мебошад. Фаркияти куллии Револютсияи  демократию халки  бошад, дар хокимияти давлатии барпошаванда — диктатураи револютсионию демократии синфхои револютсиони бо сардории пролетариат ифода меёбад, ки вазифаи асосии он дар амал чори намудани дигаргунихои демократист. Дигаргунихои ичтимоию иктисодии мазкур ба манфи-ати аксарияти ахоли оа амал омада, органхои хокимияти давлати дар чунин мамлакатхо аз фронти милли дар Чехословакия, блоки де-мократи дар Полша, фронти миллии демократи дар Руминия ва гайра ташкил ёфта, ба хайати онхо баробари пролетариату дехконон ва буржуазияи майда намояндагони буржуазия низ дохил мешаванд. Хокимияти халкии дар натичаи Револютсияи  демократию халки барпошаванда бо хусусиятхои синфиаш аз диктатураи пролетариат фарк мекунад. Вале пешохангии пролетариат бо сардории партияи марксисти-ленини дар чунин хокимияти демократи аз пайдоиши нишонахои диктатураи пролетариат шаходат медихад. Барои ташаккулёбии минбаъдаи он бояд хокимияти давлатиро аз унсурони истисморкунанда ва мухолифони дигаргунсозихои дарпешистодаи демократию сотсиалисти тоза намуда, хокимиятро ба халли масъалахои сотсиалисти сафарбар кардан лозим аст.

Максади асосии Револютсияи  демократию халки  барпо на-мудани чунин сохти нави демократиест, ки барои бо рохи револютсиони ба сотсиализм гузаштан шароит фарохам меоварад. Аз ин ру, Револютсияи  демократию халки  мохиятан вазифаи револютсияи буржуази-демократиро ичро карда, дар айни хол уклади типи сотсиалисти ва давлати нави халкиро бо рохбарии пролетариат ба вучуд меоварад ва вазифаю шаклхои инкишофи револютсияи сотсиалистиро тагйир дода, рохи осоиштаи гузаштан ба сотсиализмро мекушояд.

Адабиёт: Л е н и н Владимири Илич, Ду тактикаи сотсиал-демократия дар револютсияи демократи, Асархо, чилди 9; Программаи Коммунистеческая Партия Советского Союза, Душанбе, 1970; Материалхои съезди 26 Коммунистеческая Партия Советского Союза КПСС, Душанбе, 1981; Программные документы борьбы за мир, демократию и социализм, Москва, 1981: Что такое народная демократия, Москва, 1958.         И. Салохиддинов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …