РАДОН (лотинӣ Radonum), Rn элемент химиявии радиоактивӣ гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш 86. Радон дар натиҷаи тадқиқоти ҳодисаи радиоактиви солҳои 1899—1903 кашф шудааст. Радон яке аз элементҳои нодир буда, миқдори он дар қишри замин (то 1,6 км) тақрибан 115 т-ро ташкил медиҳад. Радон дар конҳо ва минералҳои радиоактивӣ пайдо шуда, тадриҷан ба сатҳи замин, гидросфера ва атмосфера паҳн мешавад. Дар ҳолати муқаррарӣ Радон гази беранг, бебӯй ва бемаза аст. Бинобар элемент радиоактив буданаш хеле зарарнок аст. Радонро асосан дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои асаб, дил, узвҳои ҳозимаю нафаскашӣ, устухон, рагу пай, мушакҳо ва ғайра истифода мебаранд. Онро дар тадқиқоти илмӣ низ кор мефармоянд. Миқдори уран ва торийро дар ҷинсҳои кӯҳӣ баъзан аз рӯи радиоактивияти Радон муайян мекунанд.