Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Қасри Миллат

Қасри Миллат

Қасри миллат – дар маркази ш. Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қасри миллат, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қасри Миллат
Сурати тахриршудаи Қасри Миллат (соли 2011).

Сохтмони Қасри миллат дар ш. Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Қасри миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид.

Қасри миллат як ҷузи комплекси бузурги пойтахт, иборат аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчам, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое мебошанд, дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд ва симои пойтахти Тоҷикистонро нисбати солҳои гузашта дигаргун намудаанд.

28 апрели соли 2016 дар ҷаласаи ширкати NWFA 2016 Wood Flooring Expo дар шаҳри Спрингфилди ИМА барандагони ҷойизаи “The 2016 Wood Floor of the Year” (“Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чубин, русӣ:Лучшие напольные деревянные изображения 2016 года”) эълон гардиданд. Байни 8 ғолибони озмун, якеаш ба нигоришҳои фаршҳои чубини Қасри миллат – қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Ин нигориш аз ҷониби ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet”, ки офисаш дар шаҳри Химкии вилояти Маскав воқеъ аст, сохта шудааст.

Ҷоизаи дигаре, ки ба бинои Қасри миллат ишғол намудаааст, ҷойи дуюм дар рӯихати “10 қасри бошукӯҳи президентӣ” дар веб-сайти англисизабони “TheeStle” мебошад. Аз рӯи зебогии архитектура, Қасри миллати ш. Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашта, танҳо баъд аз Қасри сафеди ш. Вашингтон, ИМА меистад.

Ҷойгоҳ: шаҳри Душанбе, хиёбони Шерозӣ 11.

Скринсейвери Қасри миллатро шумо озод дар ин суроға гирифта ба компютери худ озодона насб ва истифода бурда метонед. www.kitobam.com/kasri-millat.rar

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …